Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати телефонҳои чинӣ бо “Айфон”-у “Самсунг” дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Телефонҳои истеҳсоли Чин дар Тоҷикистон бо мобилҳои маъруфе чун "Самсунг" вориди рақобат шудаанд. Сокинон мегӯянд, ин телефонҳо аз як тараф арзон ва аз сӯи дигар дорои имконияти фаровон ҳастанд.

Феълан вазъ комилан тағйир ёфтааст ва сабаб ҳам нархи нисбатан арзони телефонҳои чинист.

Муҳсин Каримов, донишҷӯи тоҷик, барои харидани телефони ҳамроҳ муддате пул ҷамъ овард ва ахиран интихобаш рӯйи телефони истеҳсоли як ширкати чинӣ қарор гирифт. "Тамоми имкониятҳои "Самсунг”-ро дорад. Танҳо нархаш арзон аст. Ду баробар арзонтар. Барои ҳамин, телефони "Ҳуавей"-ро гирифтам", - гуфт ӯ рӯзи 13-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Рақобати телефонҳои чинӣ бо “Айфон”-у “Самсунг” дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

"Телефонҳои чинӣ бе камбуд нестанд"

Дар Душанбе маъмулан бозори телефон гарм аст. Мардум, ба вижа ҷавонон, вобаста ба рушди технология ҳамеша мехоҳанд соҳиби навтарин телефони ҳушманд, бо имкониятҳои васеъ ва нишондоди хуби техникӣ бошанд. Брендҳои серхариду маъруф ҳам дар бозори телефони Душанбе чанд сол боз “Самсунг” ва “Айфон” буд, аммо тайи чанд вақти охир брендҳои нави истеҳсоли Чин ба мисли Xiomi ва Huawei ҳам дар ин бозор вориди рақобат шудаанд ва харидорони худро ҳам доранд.

Эраҷ аз рӯйи ихтисос барномасоз аст. Телефони ҳамроҳ дар кори ӯ хеле муҳим аст. Зимни интихоб бештар ба иқтидори "батарея" ва, албатта, нархаш таваҷҷӯҳ мекунад. Интихоби ахири ӯ дар хариди телефон ҳам ширкати “Xiаomi” буд. Эраҷ аз ҳар таҳаввулот дар бозори телефон огоҳ аст ва мегӯяд, бо вуҷуди баъзе камбудҳо телефонҳои истеҳсоли Чин акнун дар бозор рақобатпазиранд.

"Вазъ комилан тағйир ёфтааст"

“Қаблан ширкатҳои дигар Чинро чун рақиб қабул надоштанд, ҳоло яке аз рақибони аслии ширкатҳои куриёӣ ва амрикоӣ аст. Тамоми намуди телефонро бо шаклҳои мухталиф истеҳсол мекунад. Нархаш ду баробар арзонанд, ҳарчанд имкониятҳо ҳама баробаранд”, - мегӯяд ӯ.

Ахиран ширкати “Huawei” ва “Xiаomi” дар Душанбе намояндагии расмии худро таъсис доданд. Аммо ҳамкории тоҷирони тоҷик бо ширкатҳои чинӣ аз чанд соли пеш шурӯъ шудааст. Муҳсин Маликов, раҳбари иҷроияи намояндагии расмии ширкати “Huawei” дар Тоҷикистон мегӯяд, солҳои аввал маҳсулоти ин ширкат барои сокинон чандон ошно набуд. “Аммо феълан вазъ комилан тағйир ёфтааст ва сабаб ҳам нархи нисбатан арзони телефонҳои чинист. Аксар нафароне барои харидории телефон меоянд, ки ҳам ба сифати телефон ва ҳам ба нарху осонии кор таваҷҷӯҳ доранд”, - гуфт ӯ.

"Зуд аз кор мебароянд"

Муҳсин Маликов
Муҳсин Маликов

Ин дар ҳолест, ки то чанд соли пеш бозори телефонфурӯшии Душанбе пур аз телефонҳои бесифат ва хеле арзони Чин буд. Дар зеҳни мардум ҳам моли ширкатҳои чинӣ чун маҳсулоти бесифат шакл гирифтааст. Бо вуҷуди таъсисёбии намояндагиҳои расмии чанд ширкати истеҳсоли телефонҳои чинӣ ва ҷойи пои худро ёфтани онҳо дар ин бозор, ҳанӯз ҳам на ҳама ба телефонҳои Чин баҳои хуб медиҳанд.

Иззатулло, як донишҷӯи тоҷик мегӯяд, “ба “Самсунг” бартарӣ медиҳам. Аз ҷиҳати техникӣ ин телефон беҳтару дарозумртар аст. Моделҳои итеҳсоли Чинро ҳам истифода бурдаам, сифаташ паст аст. Зуд аз кор мебароянд. “Самсунг” хуб аст, агар каме нархаш арзон мешуд.”

Тоҷирони ширкатҳои дигари фурӯши телефонҳои мобил аз ҷумла “Самсунг” зимни сӯҳбат дар ин бора мегӯянд, маҳсулоти ин ширкат рақобатпазирии худро дар дар бозори Тоҷикистон собит кардаанд ва нуфузи хос доранд. Ба андешаи онҳо барои қиёс кардани телефон аз ширкатҳои чинӣ бо брендҳои маъруф ҳоло вақт аст.

Кӣ ба чӣ бартарӣ медиҳад?

Вале Муҳсин Маликов, масъулин мағозаи расмии ширкати “Huawei” дар Тоҷикистон мегӯяд, дигар баҳогузорӣ ба ширкатҳои чинӣ аллакай тағйир ёфтааст. Истифодабарандагони таҷҳизоти ширкати “Huawei” ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикистон ҳоло ба 5 миллион нафар мерасад. “60-70 дар сади бозори ҷаҳонро маҳсулоти чинӣ ташкил медиҳанд. Агар мо талаб кунем, онҳо беҳтарин молро бо беҳтарин сифат ба мо пешниҳод мекунанд.”

Як пажӯҳиш дар чанд сол пеш дар бораи истифодаи телефонҳои ҳушманд, муайян карда буд, ки дар Тоҷикистон бештар аз ҳама ҷавонони аз 21 то 30-сола телефонҳои ҳушманд доштаанд ва бештарашон ба телефонҳои “Самсунг” бартарӣ медиҳанд. Ба фарқ аз солҳои пеш ҳоло дигар телефони ҳамроҳ танҳо василаи тамос ва сӯҳбат нест, балки аксарият тавассути телефонҳои ҳушманди худ, корҳои муҳими худро анҷом медиҳанд ё бештар бо истифода аз он бо наздикони худ дар хориҷ сӯҳбатҳои видеоӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG