Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Саудӣ барои ташхиси ҷасадҳои оилаи соҳибкори тоҷик иҷозат хост. ВИДЕО


Шаҳри Мадинаи Мунаввара
Шаҳри Мадинаи Мунаввара

Додситонии кулли Арабистони Саудӣ ба таҳқиқи қазияи ҳалокати як оилаи тоҷик дар шаҳри Мадина шуруъ кардааст. Додситонӣ аз наздикони Бахтиёр Додохонов дархост кардааст, ки барои бозкушоии ҷасадҳо ё анҷоми амалиёти колбадшиносӣ иҷозат бидиҳанд.

Яке аз наздикони Манзурхон Додохонов, собиқ роҳбари матбааи “Шарқи озод” рӯзи 8 март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шоми дирӯз аз Додситонии кулли Арабистони Саудӣ бо чунин мазмун дархост

Ҷасадҳо аз дохили утоқи меҳмонхона ёфт шудаанд.

гирифтаанд. Ин шахс, ки бо далелҳои ахлоқӣ нахост номаш нашр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар тамоси телефонӣ бо хонаводаи Додохоновҳо намояндагони додситонии кулли Саудӣ гуфтаанд, ки барои мушаххас кардани сабаби марги 4 узви як хонавода бояд амалиёти тибии колбадшиносӣ анҷом дода шавад.

Ба қавли наздикони Додохонов, феълан онҳо дар ин масъала машварат доранд ва дар назар аст, ки имрӯз посухи худро тариқи Сафорати Арабистони Саудӣ унвонии Додситонии кулли ин кишвар ирсол кунанд.

Наздикони Манзурхон Додохонов мегӯянд, тибқи фарзияи пешакии Додситонии кулли Арабистони Саудӣ, писари хонадон Бахтиёр Додохонов ҳамроҳ бо ҳамсар ва ду фарзандаш заҳролуд шудаанд ва ё тариқи буғӣ кардан ба ҳалокат расидаанд.

Дар хонаводаи Додохоновҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тасмим доранд ҷасади фарзанд, келин ва ду набераи онҳо дар шаҳри Мадина ба хок супорида шавад.

Зеро ба қавли онҳо, “аз Мадина ба Душанбе хатсайри мустақим парвоз намекунад ва мо намехоҳем, ки ҷасади наздиконамонро ин қадар ранҷ диҳем. Тақдирашон ҳамин будааст ва мо мехоҳем онҳо дар шаҳри муборакаи Мадина ба хок супорида шаванд.”

Ҳодиса 5 март рух дод

Бахтиёр Додохонов, соҳибкори тоҷик, бо се узви оилааш дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ба ҳалокат расидааст. Хабари марги Додохонови 35-сола, ҳамсараш Гулнора Додохонова (33-сола), писаронаш Некрӯз (8-сола) ва Беҳрӯз (12-сола) рӯзи 6-уми март ба наздиконаш расонда шуд. Аъзои хонаводаи Додохоновҳо мегӯянд, ҳодиса рӯзи 5-уми март рух додааст.

Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ
Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ рӯзи 7-уми март дар як тамоси катбӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Риёз гуфт, марги хонаводаи соҳибкори тоҷик Додохонов мавриди таҳқиқи сохторҳои дахлдори Арабистони Саудӣ қарор дорад ва баъди анҷоми ташхиси тиббӣ сабаби марги онҳо маълум хоҳад шуд. Ӯ ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи дар кадом ҳолат ошкор шудани ҷасадҳо гуфт, "ҷасадҳо аз дохили утоқи меҳмонхона ёфт шудаанд".

Раҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Саудӣ афзуд, сафорат аз дақиқаҳои аввали расидани ин хабар бо мақомот дар тамос аст ва баробари расидани хабарҳои нав онро дар ихтиёри матбуот хоҳад гузошт. "Мо бо онҳо дар тамоси доимӣ қарор дорем. Аммо доир ба сабабҳо ва ҳолати рух додани ин ҳодисаи нохуш чизе гуфта наметавонем, зеро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тиббӣ машғули таҳқиқотанд. Посухи онҳоро интизорем. Баробари расидани хабарҳои нав, хабар хоҳем дод", - гуфт Заробиддин Қосимӣ.​

Фавти як оилаи тоҷик дар Арабистони Саудӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Ду фарзияи марги Бахтиёр ва зану кӯдаконаш

Давоми ду рӯзи гузашта дар миёни хешу табор дар бораи сабабҳои марги чаҳор узви ин оила фарзияҳои мухталиф вуҷуд дошт. Аз ҷумла, гуфта мешуд, гӯиё онҳо дар як садамаи автомобилӣ ҷон бохтаанд. Ҳамчунин, ин фарзия садо медод, ки онҳо дар меҳмонхона заҳролуд ё кушта шудаанд. Ниҳодҳои расмии Арабистони Саудӣ дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Рӯзи 7-уми март манзили Манзурхон Додохонов, раиси пешини идораи "Шарқи Озод" ва падари Бахтиёр Додохонов, ба худ мотам гирифта буд. Аз дирӯз ба ин тараф наздикону дӯстони ин хонавода ба манзили ӯ дар яке аз маҳаллаҳои Душанбе барои тасаллият меоянд.

Бахтиёр Додохонов писари ягонаи ин хонавода будааст. Аз ӯ як духтари 14-сола бо номи Мадина ба ёдгор мондааст.

Ба қавли наздикон, Бахтиёр Додохонов дар Тоҷикистон ба тиҷорат машғул буд. Як манбаи Радиои Озодӣ гуфт, Бахтиёр Додохонов дар Арабистони Саудӣ ҳам шарикони тиҷоратӣ дошт ва дар солҳои мухталиф бо фурӯши атриёт ва телефонҳои мобилӣ машғул буд.

"Онҳо ба Ҳаҷҷи Умра рафта буданд"

Сабаби мусофирати охири онҳо ба Арабистони Саудӣ адои Ҳаҷҷи Умра будааст ва, ба қавли яке аз наздиконаш, онҳо тақрибан даҳ рӯз пеш ба он кишвар парвоз карда, билети баргаштро ҳам доштанд. Наздикони Манзур Додохонов аз қавли ӯ мегӯянд, бори охир рӯзи душанбеи 5-уми март бо писар ва набераҳояш телефонӣ сӯҳбат дошт ва онҳо гуфтаанд, барои рӯзи дигар, яъне 6-уми март тариқи Алмаато билети бозгашт доранд.

Ҳатто яке аз набераҳояш гуфтааст, ки "бобоҷон, бароят тӯҳфа мебарем."

Манзурхон Додохонов гуфтааст, бегоҳи он рӯз беш аз 20 дафъа талош кард, бо Бахтиёр тамос бигирад, аммо аз он тараф садое намеомад ва худашро таскин дод, ки шояд фарзанду набераҳояш савори ҳавопаймо шуданд ва бинобар ҳамин наметавонанд ба зангҳо посух диҳанд.

Падар ба пешвози писару набераҳояш ба фурудгоҳ рафт, вале...

Бахтиёр Додохонов ва аҳли хонаводааш қарор буд соати 11:30-и рӯзи 6-уми март ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расанд. Манзурхон Додохонов гуфтааст, ба ин хотир ба фурудгоҳ рафт, аммо фарзанд ва келину набераҳояш берун наомаданд. Сипас, ба сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе муроҷиат кард ва ба ӯ гуфтаанд, ки писар, келин ва набераҳояш дар он кишвар ҷон бохтаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар Мадинаи Мунаввара дафн мешаванд ё ба Душанбе интиқол меёбанд. Дар гузашта зоироне, ки дар ҷараёни адои Ҳаҷ фавт мекарданд, дар қаламрави Арабистони Саудӣ ба хок супурда мешуданд.

XS
SM
MD
LG