Пайвандҳои дастрасӣ

"Муассисаи пӯшида" ё бозори телефонҳои дасти дувум? ВИДЕО


Телефонҳои мобил дастгоҳи хеле муҳим барои хурду бузург аст – ҳоло ҳеч нафар бидуни телефони ҳушманд намегардад. Вақте телефон аз даст рафт, мисли он аст, ки гӯё кас тамоми иртиботу тамосашро гум карда бошад. Агар телефони Шумо дуздида шудааст, ин боз як мушкили дигар аст.

  • Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар ҷараёни таҳқиқи мавзӯъ ба ин хулоса омаданд, ки талоши пайдо кардани телефони дуздидашуда метавонад ба ҷони кас ҳам хатар эҷод кунад.
Ингуна афродро аз намуди зоҳириашон муайян мекунем. Чашмашон медавад, Apple ID надоранд, телефонро бо қимати хеле ночиз пешниҳод мекунанд.

"Садбарг" фурӯши телефонҳои дуздиро рад мекунад

Қисса аз дуздида шудани телефони гарони навъи iPhone 6 сар шуд. Як сокини Душанбе гуфт, ҳангоми ҳаракат дар мусофирбар телефонашро дуздидаанд. Шубҳааш аз он буд, ҷавони ҳамшафати ӯ дар дохили мошин дар истгоҳе ногаҳон ва зуд берун гардид.

Талоши пайдо кардани телефони аздастрафта ба як таҳқиқоти журналистӣ табдил шуд. Гурӯҳи хабарнигорони Радиои Озодӣ ба маркази тиҷоратии "Садбарг" рафтанд, ки дар чанд ғурфа телефонҳои дасти дувуму севумро ба фурӯш пешниҳод мекунад. Бисёр одамони ботаҷриба мегӯянд, ба ин нуқтаҳо телефонҳои дуздӣ ба хотири фурӯш бо арзиши кам ва ё фурӯши қисмҳои эҳтиётиашон оварда мешаванд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Муассисаи пӯшида" ё бозори телефонҳои дасти дувум дар Тоҷикистон?
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:37 0:00

Сӯҳроб, як фурӯшандаи нуқтаи фурӯши телефонҳои дасти дувум, рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ бо қотеият гуфт, дар маркази тиҷоратии “Садбарг” ба ҳеч сурат телефонҳои машкук ва дуздиро қабул намекунанд. "Фурӯши дигарбораи ин телефонҳо бидуни ID, бе доштани қуттии дастгоҳ ва санадҳояш ҳеч мумкин нест", - афзуд ӯ. Сӯҳроб гуфт, дуздони ботаҷриба телефонҳои дуздиро дар кӯча аз даст ба даст ва бештар ба одамони содда мефурӯшанд. Бархе ҳатто телефонҳои машкукро ба фурӯшгоҳҳои расмӣ бармегардонанд ва фикр мекунанд, ки метавонанд аз ин роҳ соҳиби телефонро пайдо кунанд.

Сӯҳроб мегӯяд, "ингуна афродро мо аз намуди зоҳириашон муайян мекунем. Чашмашон бозӣ мекунад, Apple ID надоранд, телефонро бо қимати хеле ночиз пешниҳод мекунанд. Масалан, агар Айфони 6 тахминан 400 доллар нарх дорад, бо арзиши 300 сомонӣ ё тахминан 35 доллар пешниҳод мекунанд. Ингуна телефонро одами аҳмақ харида метавонад. Ҳамкорони моро хеле зиёд ба милиса кашондаанд, ба ҳеч кас ин дарди сар лозим нест.”

Бозори телефонҳои дасти дувум
Бозори телефонҳои дасти дувум

Ба қавли Сӯҳроб, макони фурӯши эҳтимолии телефонҳои куҳна ва баъзан дуздӣ метавонанд бозорчаҳои канори шаҳр бошанд. Яке аз чунин бозорҳои телефонҳои мобил дар охири хиёбони Неъмат Қаробоев дар байни гардиши бозори "Корвон"-у "Автоколонна" ҷойгир будааст.

"Ҷои фурӯш дигар намешавад"

Бозори телефонҳои дасти дувуму севум дар маҳаллаи "Автосентер" воқеъ аст. Дар инҷо бештар ҷавонону мардони миёнсолро дидан мумкин аст. Ин бозорча ном надорад, маълум нест, ки моли кист ва соҳибаш чӣ ном дорад. Ҷойи хариду фурӯш бо девор муҳосира шудааст.

Дар даромадгоҳ як дари оҳанӣ насб шудааст. Ҳар муштарие, ки вориди бозор мешавад, як сомонӣ ҳаққи вуруд медиҳад. Бозор хеле серодам аст.

Наврасе, ки телефонҳои мобил мефурӯшад, бо садои баланд ба харидани молаш даъват мекунад: “ба телефони арзон биё, апа”. Дар паҳлӯи ӯ гурӯҳи калони мардоне истодаанд ва духтарон – ҳайати наворбардорони Радиои Озодӣ аз наздик шудан ба он издиҳом истиҳола мекунанд. Зимнан, дар ин бозор занонро аҳён дидан мумкин аст ва онҳо ҳам дар ин бозор афроди тасудофианд – ғизои зудпухте аз картошкабирёну ҳасиб пешниҳод мекунанд.

Нисо Расулова, хабарнигори Радиои Озодӣ
Нисо Расулова, хабарнигори Радиои Озодӣ

Бозор шартан ба се қисм тақсим шудааст. Дар ин бозор ҳама намуд телефонҳои мобилӣ – аз арзони сохти қадимӣ то навъҳои нисбатан нави айфону самсунг пешниҳод мешаванд. Дар мизи ҷудогонае сими телефон ҳам пешниҳод мешавад. Бар ивази як сомонӣ батареяи телефонро мешавад дар давоми як соат нерӯ дод.

Телефонҳое, ки қуттиву санад доранд, бо арзиши наздик ба бозори расмӣ – аз 2500 то 2600 сомонӣ пешниҳод мешаванд. Вале телефонҳое ҳам ҳаст, ки бо қуттиҳои бегона ва ду баробар арзон пешниҳод мешаванд. Дар болои қуттӣ рақами телефон дигар аст – дар худи телефон дигар.

Ҳар фурӯшанда талош мекунад, ки қонунӣ будани моли худро собит кунад, вале мусаллам аст, ки ин мол аз они ӯ нест. Беихтиёр харидор дар фикри нопок будани моли фурӯшӣ ва худи фурӯшанда мешавад.

Вақте гурӯҳи фурӯшандаҳо диданд, ки мо харидори воқеӣ нестему наворбардорӣ мекунем, бо чеҳраҳои хашин ба самти мо ҳаракат карданд. Мо ҳам эҳсоси хатар карда, аз бозор берун рафтем. Вале дер шуда буд. Чанд ҷавон моро фарёд карда хостанд, ки биистем. Мо гапи онҳоро гӯш накарда, зуд ба таксии ширкати Asian Express (1616) нишаста, аз назди бозор дур шудем.

Амалиёти “боздошт”

Вақте бо таксӣ аз назди бозор дур шудем, дар дохили таксӣ саҳнаҳои охирини гузориши видеоии худро сабт кардем. Таксие, ки мо савори он будем, аз соҳили дарёи Душанбе ба тарафи марказ ҳаракат мекард.

Дар ин лаҳза ногаҳон садои баланди тормози мошин ба гӯш расид ва мусофирон ба пеш париданд. Таксӣ дар ҷояш истод, чунки аз пеш роҳи онро як мошини сафеди Toyota Avalon гирифт. Аз пас мошини дигаре роҳи таксиро баст ва ба сӯи таксии мо чанд ҷавони ҳузарбе ҳаракат карданд.

Бо хоҳиши мо, ронанда дари мошинро қуфл зад ва дари моро ҷавонҳо боз карда натавонистанд. Ба шиша заданд, то ки берун шавем. Мо ба милиса занг задем, ки дар бораи ин ҳодиса фавран хабар диҳем ва ҷои будубоши худро бигӯем.

Талоши ронандаи таксӣ барои берун рафтан аз ҳолати бунбаст натиҷа надод. Кӯшиши фирори мо аз ин макон бесамар буд, чунки дар маҳаллаи 46-уми пойтахт дубора ин ду мошин пеши роҳи моро гирифт ва маҷбур кард ба канори роҳ наздик шавем. Ин навбат ҷавонҳо аз мошин берун шуда, бо лаҳни шадидтар ба мо таҳдид карданд.

Яке тасмаи шимашро кашида, ба шишаи пеши таксӣ мезад ва дашном медод. Боз ду нафари дигар аз паҳлӯҳои дигари мошин истода, ба шишаҳои паҳлӯҳои мошини мо мезаданд. Талаби онҳо ин аст, наворбародори мо, ки саҳнаи хариду фурӯши телефонҳоро ба навор гирифтааст, ба берун барояд. Онҳо ронандаро ҳам таҳдид карданд, вале ронанда ба гапи онҳо гӯш накарда, дарҳоро баста нигоҳ дошт. Намехост, ки муштариҳояшро зери зарба гузорад. Ин рафтори ронанда ҳам ба мо хеле кумак кард.

Дар як лаҳза ин ҷавонҳо мошинро аз зер даст-даст карда, ба такон додани он шурӯъ карданд. Мо ин саҳнаро ба навор гирифтем.

Ниҳоят дар ин лаҳза марде бо либоси милиса ҳозир шуд. Ин ҷавонҳо ба ин ходими пулис наздик шуда, чизе гуфтанд. Дар ин лаҳза, намояндаи пулис аз мо талаб кард, ки сабтҳоро пок кунем. Ходими милиса аз ронанда талаб кард, то моро аз мошин берун кунаду биравад. Танҳо вақте ки шаҳодатномаи коргари Радиои Озодиро нишон додем, намояндаи пулис ва ҳамлагарон каме ором шуданду аз мошин ҳам фосила гирифтанд. Дар ин лаҳза шиноси мо, ки ба хотири телефони мобили дуздидашудааш тамоми вақт ҳамроҳӣ мекард, ба як дӯсташ аз ширати бонуфузе занг заду гуфт, ба ҳолати бад афтодааст. Мошине ба ёрии мо шитофт. Сӯҳбати миёни мардон зиёд тӯл накашид.

Бозори телефонҳои дасти дувум дар Душанбе ғайрирасмӣ аз соли 2007 ба ин тараф вуҷуд дорад. Телефонбозори Душанбе. Акс аз соли 2009
Бозори телефонҳои дасти дувум дар Душанбе ғайрирасмӣ аз соли 2007 ба ин тараф вуҷуд дорад. Телефонбозори Душанбе. Акс аз соли 2009

Нуфузи ширкати азим ба намояндагони бозори телефонҳои мобил таъсир кард ва мо тавонистем аз ин макон амн берун шавем.

Аммо яке аз охирин таҳдидҳое, ки аз забони "ҳамлагарон" садо дод, ин буд, ки ҳатман моро ёфта қасдашонро мегиранд. Сабаби қаҳри онҳо – наворбардории бозори телефонҳои дасти дувум буд. Бозоре ки дар онҳо телефонҳои наву куҳна ва баъзан дуздӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG