Пайвандҳои дастрасӣ

OPCW гуфт, бо хулосаҳои Бритониё мувофиқ аст


Қароргоҳи Созмони Манъи Истифодаи Силоҳҳои Кимиёвӣ дар Ҳолланд.

Созмони Манъи Истифодаи Силоҳҳои Кимиёвӣ (OPCW) мегӯяд, коршиносони он натиҷаҳои ташхиси заҳреро, ки ҷосуси собиқи дутарафаи Русия ва духтари ӯро бо он заҳролуд карданд, тасдиқ мекунанд.

Дар хулосаи таҳқиқоти созмон, ки рӯзи 12-уми апрел нашр шуд, ин созмони мустақар дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд гуфт, коршиносони созмон бо хулосаҳои таҳқиқоти Бритониё мувофиқанд. Коршиносон номи моддаи заҳрогинро набурдаанд, вале гуфтаанд, ки “он моддаи холис буд”.

Давлати Бритониё, ҳукумати Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро муттаҳам кардааст, ки мехост, Сергей Скрипали 66-сола ва духтараш Юлияро бо истифода аз моддаи қотили “Новичок” бикушад. Ин моддаи кимиёвиро дар аҳди шӯравӣ низомиён ҳосил кардаанд.

Русия мегӯяд, иддаои Бритониё беасос аст, вале баъди ин моҷаро, Бритониё ва даҳҳо кишвари ғарбӣ 150 дипломати русро аз қаламравҳояшон ихроҷ карданд. Русия ҳам айни рафторро бо дипломатҳои ғарбӣ кард.

Сергей Скрипалу духтарашро рӯзи 4-уми март дар рӯи як нишастгоҳ дар шаҳри Салсбурии Бритониё беҳуш пайдо карданд. Юлия Скрипалро рӯзи 10-уми апрел аз шифохона ҷавоб доданд ва ӯ гуфт, ки падараш ҳанӯз сахт бемор аст ва аз таъсири моддае, ки ба зидди онҳо истифода мебаранд, ранҷ мекашад.

Видеоҳои охирин

Лӯлиҳои Восеъ дастаи футбол таъсис доданд
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:03:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG