Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон боз 5 мактаби русӣ ифтитоҳ мешавад


Ба зудтарин фурсат миёни Тоҷикистону Русия созишнома дар бораи ифтитоҳи боз 5 мактаби таҳсилаш ба забони русӣ имзо хоҳад шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Русия, чунин тавофуқ дар дидори ахири вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар шаҳри Маскав рӯзи 9-уми апрел ба даст омадааст.

Феълан дар Тоҷикистон 26 мактаби таҳсилаш сирф ба забони русӣ фаъол аст. Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, таҷрибаи фиристодани муаллимони забони русӣ аз минтақаҳои мухталифи Русия ба Тоҷикистон собит кардааст, ки талабот ба омӯзиш ба забони русӣ дар кишвар зиёд будааст.

Ба ин далел, Вазорати корҳои хориҷии Русия афзудааст, чунин таҷриба дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Узбекистон роҳандозӣ хоҳад шуд.

Гуфта шудааст, феълан ҳудуди 15 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия ва 7 ҳазор донишҷӯ дар намояндагии донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Видеоҳои охирин

Роҳгузарон: ТВ-и Тоҷикистон таъриф мекунад, аз мушкилот намегӯяд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:51 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG