Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав музокироти вазирони хориҷаи Тоҷикистону Русия шурӯъ шуд


Акс аз вебсайти mid.ru
Акс аз вебсайти mid.ru

Дар Маскав мулоқоти вазирони умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистон – Сергей Лавров ва Сироҷиддин Аслов шурӯъ шуд. Сафари расмии вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Маскав бо даъвати ҳамтои русаш баргузор мешавад. Дар оғози мулоқот, ки дар ҷараёни он инчунин сафирони Тоҷикистон ва Русия ҳам иштирок карданд, Лавров Асловро барои кӯмак дар ташкили интихоботи раёсатҷумҳурии Русия дар моҳи марти соли 2018 ва имкони раъйдиҳии шаҳрвандони Русия дар хоки Тоҷикистон ташаккур кард. «Ҳама чиз дар сатҳи олӣ ташкил шуда буд», гуфт Лавров.

Вай гуфт, ки равобити миёни Тоҷикистону Русия бар асоси ҳамкориҳои стратегӣ бунёд шуда, ин кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои сиёсиву низомии минтақавии мисли СПАД, СҲШ ва Муштарак-ул-Манофеъ ҳамкорӣ мекунанд.

Дар навбати худ Сироҷиддин Аслов гуфтааст, ки дар таъсиси маркази мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон, ки зери назари Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой фаъолият мекунад, ба кӯмаки Русия умед мебандад. Оҷонсии Интерфакс аз қавли Аслов навишт: "Дар чаҳорчӯби СҲШ ҳамкориҳои судбахш эҷод шудааст ва дар масъалаи таъсиси маркази зидди маводи мухаддир мо ба кӯмаки Русия умед мебандем".

Тоҷикистон соли 2018 раҳбарии давраии созмони Муштарак-ул-Манофеъро ба ӯҳда дорад ва Аслов гуфт, ки дар амри иҷрои масъулиятҳояш Тоҷикистон талош мекунад ҳамкории байни кишварҳои узви ин созмон мутақобилан судманд сурат бигирад.

Вебсайти вазорати хориҷаи Русия рӯзи 9 апрел навишт, ки дар соатҳои наздик музокироти раҳбарони сиёсатҳои хориҷаи Тоҷикистону Русия дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили байналмилалӣ баргузор мешавад.​

XS
SM
MD
LG