Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уштур ва мошини Ҷаҳонгир – пас аз пирӯзӣ ба 9 паҳлавони тоҷику узбек. ВИДЕО


Ҷаҳонгир Маҷидов
Ҷаҳонгир Маҷидов

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони 17-солаи тоҷик, бо шикаст додани ҳамаи ҳарифон дар ду сабқати бузурги гуштии миллӣ соҳиби шоҳҷоизаҳо шуд. Нахуст ӯ дар гуштии наврӯзӣ дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) бар ҳамаи ҳарифон – 3 паҳлавони тоҷику як паҳлавони узбекистонӣ – пирӯз шуд ва соҳиби ҷоизаи аслӣ - уштур гардид.

Пирӯзиҳои Ҷаҳонгир Маҷидов чанд руз баъд дар гуштии миллӣ дар минтақаи Кӯлоб идома кард. Дар набардҳои сангине, ки бо паҳлавонони аз худаш бузургсол дошт, чаҳор пирӯзӣ ба даст овард.

Рақиби Ҷаҳонгир дар ин сабқат Амон, яке аз шогирдони паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев буд, ки дар ин мусобиқа бар 8 паҳлавони тоҷик ва 2 паҳлавони узбек пируз шуда буд.

Набарди Ҷаҳонгир бо Амон барои дарёфти шоҳҷоизаи он мусобиқа 1 соату 14 дақиқа идома кард ва дар интиҳо Ҷаҳонгир ҳарифашро бо як партоби зебо шикаст дод. Ҷаҳонгир Маҷидов рӯзи 6-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хушҳол аст, ки дар мусобиқоти Кӯлоб шоҳҷоиза, яъне мошинро соҳибӣ кард. Ӯ мегӯяд, "муҳимтар аз ҳама, тамоми талошу тамрин беҳуда набудааст".

Ҷаҳонгир Маҷидов, хонандаи синфи 11-уми литсейи технологии шаҳри Душанбе, дар мусобиқоти байналмилалӣ миёни наврасон натиҷаҳои намоёнро муваффақ шудааст. Дар сабқатҳои ҷудо (дзюдо)-и наврасони то 18-солаи Осиё як дафъа медали тилло, дар сабқати дюздои Ҷоми Аврупо миёни то 18-солаҳо 4 медали тилло ва 1 медали нуқраро соҳиб шудааст.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар раддабандии ҷудокорони то 18-солаи ҷаҳон аз оғоз то интиҳои соли 2017 дар мақоми аввал қарор дошт.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Ҷаҳонгир Маҷидов баъди пирӯзӣ ба 9 паҳлавон мошину уштур гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

XS
SM
MD
LG