Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии ҷудо дар Анталия маълум шуданд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2018”), ки имрӯз, 6-уми апрел, дар шаҳри Анталияи Туркия шуруъ мешавад, ширкат меварзанд. Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар ин мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз 50 кишвар рақобат мекунад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Гран-прии ҷудо дар Анталия ҳафт варзишгар дохил аст: Наврӯз Каримзод (дар вазни зери 66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Мирзоҷамил Рамазонов (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Акмал Муродов (ҳарду дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни зери 90 кг) ва Саидҷалол Саидов (дар вазни зери 100 кг).

Бар асоси қуръакашӣ Наврӯз Каримзод ба рақобат аз даври дувум мепардозад. Ӯ имрӯз, 6-уми апрел, дар нахустин қувваозмоияш бо Андраз Ҷереб аз Словения вориди рақобат мешавад.

Чор нафар – Беҳрӯзи Хоҷазода, Мирзоҷамил Рамазонов, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Акмал Муродов – рӯзи шанбеи 7-уми апрел зӯрозмоӣ мекунанд. Дар даври аввал Беҳрӯзи Хоҷазода бо Александр Турнер аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯбарӯ мешавад.

Мирзоҷамил Рамазонов, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум бо Томми Макиас аз Шведсия қувваозмоӣ хоҳад кард. Рақиби Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал Иван Петр аз Ҷумҳурии Чех мебошад. Акмал Муродов дар қувваозмоии аввали худ бо Кристҷан Тонисте аз Эстония рақобат мекунад.

Ду паҳлавони маъруфи тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов – рӯзи якшанбеи 8-уми апрел барои медалҳо мубориза мебаранд. Устопириён, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Самули Виитанен (Финляндия)/Ҷиндрих Турек (Ҷумҳурии Чех) вориди рақобат мешавад. Рақиби Саидов дар даври аввал Виктор Демяненко аз Қазоқистон мебошад.

Барномаи мусобиқот

Рӯзи якум (ҷумъа, 6-уми апрел):

  • Занон то 48 кг, то 52 кг ва то 57кг;
  • Мардон то 60 кг ва то 66 кг.

Рӯзи дуюм (шанбе, 7-уми апрел):

  • Занон то 63 кг ва то 70 кг;
  • Мардон то 81 кг ва то 90 кг.

Рӯзи сеюм (якшанбе, 8-уми апрел):

  • Занон то 78 кг ва беш аз 78 кг;
  • Мардон то 90 кг, то 100 кг ва беш аз 100 кг.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2017”), ки соли гузашта дар Анталия баргузор шуд, Тоҷикистонро се гуштигир -Хаёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) – намояндагӣ карданд. Аз миёни онҳо танҳо Комроншоҳ медал ба даст овард. Ӯ пас аз ду пирӯзӣ дар даври ниманиҳоӣ бар Магомед Магомедови русиягӣ дастболо шуда, ба финал баромад. Вале Устопириён дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга мағлуб гашт ва бо медали нуқра мукофотонида шуд.

XS
SM
MD
LG