Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳрӯзи Хоҷазода аз ҷоизаи "Тоскӯлоҳи бузург" бенасиб монд


Беҳрӯз Хоҷазода, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо

Чаҳор паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” (Grand Slam Duesseldorf 2018), ки рӯзи 24-уми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуд, дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Комроншоҳи Устопириён тибқи қуръакашӣ дар вазни зери 90 кило дар даври аввал озод аст.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо, дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” дар Дюсселдорф дар вазни зери 73 кило дар аввалин қувваозмоияш Шамил Дзавбатировро аз Олмон мағлуб кард. Баъдан бар Марсел Серкеа аз Руминия ғолиб шуд. Вале дар даври баъдӣ қувваозмоиро ба Рустам Оруҷов аз Озарбойҷон бохт ва аз идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Дар ин вазн, инчунин, гуштигири дигари тоҷик Асадулло Тоҳиров дар нахустин даври мусобиқот аз қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро (2016), қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон (2013 ва 2015) Шоҳей Оно (Ҷопон) шикаст хӯрд.

Ҷаҳонгир Маҷидов
Ҷаҳонгир Маҷидов

Варзишгари ҷавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов аввалин қувваозмоияшро дар вазни зери 81 кило ба Алфа Умар Ҷало (Фаронса) бохт. Намояндаи дигари Тоҷикистон дар ин вазн - Кароматулло Ҳакимов - дар даври аввал бар Калонҷӣ Мбуйӣ (Конго) пирӯзӣ ба даст овард, вале баъдан аз Аслан Лаппинагови русиягӣ мағлуб шуд.

Чунонки вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, мусобиқоти байналмилалии “Тоскӯлоҳи бузург” бо ҳузури 441 варзишгар (270 марду 171 зан) аз 65 кишвари панҷ қитъаи олам дар Дюсселдорф 23-юми феврал шуруъ шуд ва то 25-уми феврал идома хоҳад кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров, Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов - дохиланд. Ҳоло чаҳор гуштигири тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров, Кароматулло Ҳакимов ва Ҷаҳонгир Маҷидов – рақобатҳои худро бебарор ба анҷом расонданд. Ду нафари дигар - Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов – рӯзи 25-уми феврал рақобат мекунанд.

Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён тибқи қуръакашӣ дар вазни зери 90 кило дар даври аввал озод аст. Дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Ҷозе Пералта (Аргентина) – Юрий Мокану (Молдова) рақобат хоҳад кард. Темур Раҳимов низ мувофиқи қуръакашӣ дар даври аввал дар вазни зери 100 кило озод аст. Дар даври дувум рақиби ӯ Бенҷамин Флетчер (Ирландия) мебошад, ки вай имсол дар Гран-при дар Тунис мақоми аввал ва соли гузашта дар мусобиқоти бози Осиё дар Ҳонгконг ғолиб шудааст.

Дар рӯзи аввали мусобиқот - 23-юми феврал - ғолибон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – миёни занон ва дар ду вазн – 60 ва 66 кг – байни мардон маълум шуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорон:
Мардон
60 кг

1. НАГАЯМА Руи (Ҷопон)
2. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)
3. ЧХВИМИАНИ Лухуми (Гурҷистон)
3. ТАКАБАТАКЕ Эрик (Бразилия)

66 кг
1. ТАГАВА Кензо (Ҷопон)
2. ЗАНТАРАЯ Георгия (Украина)
3. БАТТОГТОХ Ерхембайер (Муғулистон)
3. ШМАИЛОВ Баруч (Исроил)

Занон
48 кг

1. БИЛОДИД Даря (Украина)
2. КСЕРНОВИКЗКИ Ева (Венгрия)
3. КЛЕМЕНТ Мелани (Фаронса)
3. НИКОЛИЧ Милика (Сербия)

52 кг
1. ШИШИМЕ Аи (Ҷопон)
2. ПИЕНКОВСКА Каролина (Полша)
3. ЛОПЕЗ ШЕРИФФ Эстрелла (Испания)
3. ВАН СНИК Чарлин (Белгия)

57 кг
1. СМИТ-ДАВИС Некода (Британияи Кабир)
2. КАРАКАС Хедвиг (Венгрия)
3. ЛХАГВАТОГОО Енхриилен (Муғулистон)
3. КИСИКУЕ Сара Леони (Фаронса)

Шаби шанбеи 24-уми феврал барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон муайян хоҳанд шуд. Мусобиқот рӯзи якшанбе, 25-уми феврал, бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн -90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Темур Раҳимов
Темур Раҳимов

Бояд тазаккур дод, Дюсселдорф, ки солҳои тӯлонӣ мизбони мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи Гран-прии ҷудо буд, аз моҳи феврали имсол барои аввалин бор мусобиқотро дар мақоми нав баргузор мекунад. «Тоскӯлоҳи бузург» ҳамчун яке аз давраҳоимусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ки рейтинги баландтар дорад, дар ин шаҳри Олмон баргузор шудааст.

Мусобиқот дар толори нави бузургтарини варзишӣ– ISS Dome, ки дорои 15 ҳазор ҷойгоҳ барои тамошогарон аст ва дар онҷо бозиҳои лигаи ҳоккей барпо мегарданд, ҷараён дорад. Зимнан, мусобиқот дар Дюсселдорф баъди «Тоскӯлоҳи бузург» дар Парижи Фаронса дувумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад.

“Тоскӯлоҳи бузург” дар Дюсселдорфи Олмон барои варзишгарони тоҷик дувумин мусобиқоти байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти бози ҷудои Аврупо миёни мардон (European Judo Open Men), ки рӯзҳои 17-18-уми феврал дар шаҳри Оберварти Австрия баргузор шуд, бе медал монданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот се паҳлавони ҷавон –Мирзоҷамил Рамазонов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Темур Раҳимов (-100 кг) - намояндагӣ карда, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG