Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дерипаска, Миллер ва дигар олигархҳову мақомот таҳрим шуданд


Олег Дерипаска
Олег Дерипаска

Бо як қарори Вазорати молияи ИМА, чанд сарватманд ё олигархи рус ба феҳристи афроди таҳимршуда ворид шуданд. Дар миёни онҳо - соҳибкори маъруф Олег Дерипаска, раҳбари ширкати "Газпром" Алексей Миллер, собиқ муҳофизи Путин ва раҳбари Росгвардия Виктор Золотов, дабири шӯрои амният Николай Патрушев ва вазири умури дохилӣ Владимир Колоколтсев мебошанд.

Дар қарори вазорати молияи ИМА исми 24 нафар ва 14 сохтор зикр шудааст, ки бо сабаби наздикиашон ба Владимир Путин, президенти Русия таҳрим шудаанд.

Дар шарҳи ин тасмим гуфта мешавад, ки ин афрод ба нишони муҷозоти Маскав ва ҳам ба хотири дахолати Русия ба интихоботи президентии соли 2016-и ИМА таҳрим мешаванд.

XS
SM
MD
LG