Додгоҳе дар вилояти Суғд чаҳор сокинр бо иттиҳоми узвият дар ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон мутаносибан ба шаш соли зиндон маҳкум кард. Хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 3 апрел бо такя ба манобеи худ дар додгоҳи вилояти Суғд гуфт, маҳкушудаҳо Қурбонбой Обидови 33, Насим Баротови 38, Шӯҳрат Мавлонови 30 ва Шоумед Оқилови 38-сола, сокинони шаҳри Истаравшани вилояти Суғд буданд.
Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, гурӯҳи мазкур бар асоси моддаи 307, қисми 2, яъне "узвият дар ҳизбҳои сиёсӣ ё диние, ки фаъолияташон бо қарори додгоҳ мамнӯъ шудааст", айбдор шуда буданд. Ба гуфтаи мақомоти додгоҳ ин нафарон давоми солҳои 2007 ва 2011 ба ин ҳизб, ки аз соли 2015 фаъолияташ мамнӯъ аст, шомил шудаанд. Як мақоми додгоҳ гуфтааст, бо вуҷуди манъи фаъолияти ин ҳизб, гурӯҳи мазкур давоми соли 2016 ақидаҳои ҳизбро тарғиб карда, ҳукми додгоҳ дар мавриди мамнуияти онро нодуруст хондаанд.
Мавқеи худи маҳкумшударо ба ҳукми додгоҳ маълум нест.
Оҷонсӣ менависад, ки ин нахустин ҳукми гурӯҳии аъзои собиқи як ҳизби то се соли пеш муҷоз аст, ки барои идомаи фаъолияти ҳизбӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон 29-уми сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бо қароре террористӣ хонда, фаъолияташро дар ҳудуди кишвар мамнӯъ хонд. То соли 2015 ҲНИТ ягона ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои шӯравии собиқ дониста мешуд. Ин ҳизб мегуфт, ки бештар аз 40 ҳазор аъзо дорад. Замони ҷанги шаҳрвандӣ ин ҳизб дар ҳайати Иттиҳоди мухолифин шомили як бахши ҷанг буд. Соли 1997 пас аз имзои созишномаи сулҳ ин ҳизбро дар Тоҷикистон расман ба қайд гирифтанд ва то 2015 дар ҳаёти сиёсӣ ширкат мекард.
Баъди он чи ки мақомот ҳамчун талоши кудато ё табаддулоти давлатии соли 2015 меноманд, даҳҳо узви ҲНИТ бо ҷурми даст доштан дар ин ҳодиса боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд. 13 узви раёсати ҲНИТ тобистони соли 2016 ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ, аз ҷумла ду муовини раиси ба ҳукми зиндони абад маҳкум шуданд.
Вале ҲНИТ ин ҳукм ва тамоми иттиҳомоти атрофи ҳизбро дар робита бо терроризм ва ифротгароӣ комилан рад карда инро баҳонаи ҳукумат барои бастани ҳизби умдаи мухолифин меноманд.