Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд


Президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ Пак Кин Хе

Президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ Пак Кин Хе ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи Сеул рӯзи ҷумъа ӯро аз рӯи 18 банди айбнома, бо шумули фасодкорӣ ва суиистифода аз мақом, гунаҳкор эълон кард.

Пак Кин Хе ҳамчунин бояд 17 миллион доллар ҷарима супорад.

Додгоҳ ба ин натиҷа расид, ки Пак Кин Хе - духтари президенти пешин Пак Ҷон Хи- ҳамроҳ бо дугонааш Ҷой Сун Сил, бо истифода аз схемаҳои коррупсионӣ беш аз 20 миллион доллар ба даст оварданд.

Иттиҳоми фасодкорӣ алайҷи Пак Кин Хе соли 2016, замоне эълон шуд, ки ӯ раиси ҷумҳур буд. Пак Кин Хе бо роҳи изҳори нобоварӣ дар порлумон ва баъди эътирозҳои тӯлонии хиёбонии соли 2017, аз мақом барканор шуд.

Видеоҳои охирин

Роҳгузарон: ТВ-и Тоҷикистон таъриф мекунад, аз мушкилот намегӯяд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:51 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG