Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Трамп Чинро бо боҷҳои нави воридотӣ таҳдид кард


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Воридоти Чин ба ИМА дар ҳаҷми 100 миллиард доллар метавонад ҳадафи боҷҳои бештар қарор бигирад, - дар ин бора президенти Амрико шоми панҷшанбе хабар дод. Ин боҷҳо бар иловаи боҷи 25 дар садӣ ба маҳсулоти Чин дар ҳаҷми 50 миллиард доллар ҷорӣ мешавад, ки Вашингтон рӯзи сешанбе эълон карда буд.

Ин вокуниши президент Трамп ба таҳдидии Чин аст, ки гуфтааст ба ҳамин миқдор маҳсулоти воридотии амрикоӣ боҷҳои баланд ҷорӣ хоҳад кард. Ба сурати умум, маҳсулоти кишоварзии аёлатҳое ҳадаф қарор мегиранд, ки дар интихоботи соли 2016 ба тарафдории Трамп овоз доданд.

Қарори ибтидоии Кохи сафед дар заминаи боҷи бештар ба маҳсулоти Чин, қиммати саҳҳомро дар бозорҳои бурси Амрико коҳиш дод. Баъди ин якчанд намояндаи маъмурияти президент гуфтанд, ки қарори ҷорӣ кардани боҷ танҳо абзорест, ки Вашингтон мехоҳад аз он дар музокироти боз кардани бозори Чин барои маҳсулоти амрикоӣ ва ҳимояи моликияти зеҳнии ИМА истифода кунад. Дар сурати муваффақият боҷи воридотӣ ҷорӣ намешавад.

Посухи Чин ва вокуниши президент Трамп ба он, ба гуфтаи коршиносон, имкони ҷанги тиҷоратӣ дар байни ду кишварро афзоиш медиҳад, ки фаротар аз ин ду, ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсир мегузорад.

XS
SM
MD
LG