Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон воридоти либосҳои шиноварӣ барои занонро манъ кард


Дар Туркманистон воридот ва фурӯши либосҳои занонаи шиноварӣ ва шортиро манъ карданд.

Хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ бо истинод ба тоҷирон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, дар фурӯшгоҳҳои хусусӣ танҳо ин навъи боқимондаи молҳо фурӯхта мешаванд.

"Кормандони гумрук ба воридоти либосҳои шиноварӣ ва шортӣ иҷозат намедиҳанд ва сабаби он низ шарҳ дода намешавад. Ин дар ҳолест, ки талабот ба навъи мазкури либосҳо бо наздикшавии тобистон афзоиш ёфтааст", - изҳор медорад хабарнигор.

Ба гуфтаи ӯ, солҳои ахир дар Туркманистон шортиҳои занонаву мардона яке аз молҳои серхаридор дар фасли тобистон буд.

Манъи воридоти шортӣ нахустин маҳдудияти марбут ба сару либос ва симои зоҳирӣ дар Туркманистон нест. Моҳи гузашта "Хроника Туркменистана" хабар дод, ки ба кормандони муассисаҳои давлатии шаҳри Ишқобод амр шудааст, то нохунҳои дасту пой ва мижаҳои худро рангубор накунанд ва ҷавоҳирот низ набанданд. Гумруки Туркманистон воридоти баъзе аз рангҳоро барои мӯйи сар манъ карда буд.

Видеоҳои охирин

Тақдими шаҳрвандии Русия осонтар мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:24 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG