Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона Аблязовро дар барномарезии куштори мудири БТА айбдор кард


Мухтор Аблязов
Мухтор Аблязов

Додситонии кулли Қазоқистон мегӯяд, зидди Мухтор Аблязов, бонкдори пешин ва мунаққиди президент Нурсултон Назарбоев бо ҷурми созмон додани куштори ҳаммолик ва мудири "Бонки ТуранАлем" (БТА) Ержан Татишев дар соли 2004 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Аблязов пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо эълом кард, ки дар ин куштор даст надорад. Ҳамчунин гуфт, соҳибкор ва молики корхонаи "Казстройстекло" Муродхон Токмадиро, ки барои даст доштан дар куштори "фармоишӣ"-и Татишев 10,5 сол зиндонӣ шуд, шахсан намешиносад.

Мухтор Аблязов моҳи апрели соли 2017 ҳамроҳ бо мухолифони дигари қазоқ, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, ҳаракати "Интихоботи демократии Қазоқистон"-ро ташкил кард. Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи ҳаракат ислоҳоти демократӣ дар Қазоқистон аст. Додгоҳи Остона 13 март ҳаракати мазкурро "террористӣ" эълом ва фаъолияти онро дар Қазоқистон манъ кард.

Аблязов, ки аз сӯи мақомоти Украина, Русия ва Қазоқистон бо гумони дуздии миллиардҳо доллар ҷустуҷӯ мешавад, аз соли 2009 дар хориҷ зиндагӣ дорад. Ӯ тамоми айбҳои зиддаш эъломшударо рад карда, мегӯяд, парвандаҳои вай ангезаи сиёсӣ доранд. Моҳи июни соли 2017 додгоҳи Қазоқистон ӯро дар ғайбаш 20 сол зиндонӣ кард.

XS
SM
MD
LG