Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш сарбози артиши Афғонистон маҷрӯҳ шуд


Шаш сарбози афғон дар як таркиши бомба дар шаҳри Кобул ҷароҳатҳои сабук бардоштанд. Дар ин бора вазорати дифои Афғонистон хабар дод.

Дар изҳороти вазорат гуфта шуд, ки ду бомбаи магнитӣ дар як сутуни барқ насб шуда буд ва рӯзи 4 апрел, лаҳзаҳое, ки сарбозони артиши миллии Афғонистон аз наздаш убур мекарданд, ба кор андохта шуд. Аз ин пеш мақомоти вазорати беҳдошти Афғонистон гуфтанд, ки се нафар барои муолиҷа ба бемористон интиқол ёфтанд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, вале дар гузашта ҳамлаҳои ҳамсонро Толибон ва аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом додаанд. Дар паи як ҳамлаи маргталабона дар беруни масҷиди шиаён дар Кобул рӯзи 21 март 29 нафар кушта шуд. Ин ҳодиса дар лаҳзаҳое рух дод, ки сокинони Афғонистон Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Масъулияти ин ҳамларо “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG