Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди чинӣ дар Суғд як ҳамшаҳриашро бо корд захмӣ кард


Бинои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Бинои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Мақомоти интизомӣ дар шимоли Тоҷикистон як шаҳрванди Чинро ба иттиҳоми зарба задан бо корд ба яке аз шаҳрвандони дигари ҳамин кишвар, боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодиса нимаи дувуми рӯзи сешанбеи 3-юми аврпел дар бозори "Атул"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст. Ба иттилои манбаъ, як марди 42-солаи чинӣ, ки сокини шаҳри Бӯстон будааст, дар ҳолати мастӣ ба як ҳамшаҳраш, ки соҳибкор будааст, бо корд ҳамла намуда, дар қафаси синааш як зарба мезанад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки фарди ҷабрдида ҷароҳат бардошта ва ба бемористон интиқол дода шудааст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар нисбати ин шаҳрванди Чин бар пояи моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG