Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон рӯзноманигорони Forbes ва Ratel-ро озод кард


Рӯзноманигорони маҷаллаи Forbes Kazakhstan ва сомонаи Ratel.kz, баъди як рӯзи боздошт, дар пайи бозҷӯии идораи расонаҳо дар шаҳри Алмато, озод шуданд.

Рӯзноманигори Ratel.kz Вадим Борейко рӯзи 3 апрел дар Facebook хабар дод, ки сармуҳаррири сомона Марат Асипов, муовини сармуҳаррир Сап Мекебоев ва шореҳ Анна Калашникова баъд аз бозпурсӣ дар шуъбаи пулис ва каме пештар муовини сармуҳаррири Forbes Kazakhstan Александр Воротилов ҳам раҳо шуд.

Пулиси Алмато гуфт, идораҳои нашрияҳоро дар асоси шикояти "шаҳрванд К." бозҷӯӣ кард, ки гуфтааст маҷаллаи Forbes Kazakhstan ва сомонаи Ratel.kz хабарҳои бардуруғ паҳн мекунанд. Ба гуфтаи рӯзноманигорон, "шаҳрванд К." вазири пешини даромадҳои давлатии Қазоқистон Зайнулло Какимжанов аст, ки ҳоло бо тиҷорат машғул аст.

Какимжанов соли гузашта дар як баҳси додгоҳӣ бо талаби ҷуброн дар ҳаҷми 50 миллион танга ба расонаҳои мазкур пирӯз шуда буд. Рӯзноманигорон, ки дар бораи эҳтимоли даст доштани Какимжанов дар як нақшаи коррупсионӣ навишта буданд, гуфтанд, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд.

Какимжанов дар Фейсбук навишт, матлабҳои нашршуда "фармоишӣ" буданд ва рӯзноманигорон ӯ ва хонаводаашро ба ҷинояте айбдор кардаанд, ки онҳо содир накардаанд.

XS
SM
MD
LG