Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як нафар дар паи эътирозҳои Волоколамск


Шоми 1 апрел дар вилояти Маскав беш аз 10 ширкатдори роҳпаймоии автомобилии хиёбони Волоколамск-Маскав боздошт шуданд. Ин мардум талаб доранд, ки партовгоҳи азими «Ядрово» баста шавад. Дар идомаи рӯз ба ҷуз як нафари онҳо ҳама озод шуданд. Андрей Жданови боздоштшуда дар ташкили митинги ғайримуҷоз муттаҳам мешавад ва қарор аст фардо мурофиаи судии ӯ барпо шавад.

Жданов то ҳол дар боздошт бидуни вакили дифоъ ба сар мебарад. Дар раҳпаймоии автомобилӣ ба нишони эътироз аз вуҷуди партовгоҳ 40 мошин ширкат дошт, вале дар шоҳроҳи Новорижское ҳамаи онҳо аз ҷониби полис нигоҳ дошта шуданд. Эътирозгарон, ки талаби баста шудани партовгоҳро доранд, аз он шикоят доранд, ки муҳити экологии ин макон хеле бад шуда, муроҷиати сокинон ба ёрии тиббӣ бештар шудааст.

Дар митинги эътирозии субҳи якшанбе сеяки сокинони шаҳраки Волоколамск, яъне тахминан 6 ҳазор нафар иштирок карданд. Эътирозгарон истеъфои волии Подмосковйе Андрей Воробйевро низ талаб карданд.

Видеоҳои охирин

Сархатти рӯйдодҳои 20-уми апрели соли 2018
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:01:29 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG