Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи "маҷбурӣ"-и парвозҳои "Сомон Эйр" ба 7 шаҳри Русия


Ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон дар як огаҳӣ ба муштариёни худ эълон кард, ки парвози ҳавопаймоҳояш аз Душанбеву Хуҷанд ба ҳафт шаҳри Русияро қатъ мекунад. Ин тасмим, ба гуфтаи масъулони ширкат, "маҷбурӣ" ва бар асоси барқияи "Росавиатсия" гирифта шудааст. Ин барқия рӯзи 31-уми марти имсол дастрас гардид.

Қаблан мақомоти Вазорати нақлиёти Русия барои ҳалли мушкил ҷониби Тоҷикистонро ба музокирот хонда буд.

Баста шудани 9 хатти парвоз ба ҳафт шаҳри Русия

Масъулони "Сомон Эйр" мегӯянд, бино ба барқияи "Росавиатсия", аз соати дувоздаҳи шаби 2-юми апрел иҷрои парвозҳо дар хатти сайри Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Иркутск-Душанбе, Душанбе-Қазон-Душанбе, Душанбе-Краснодар-Душанбе, Душанбе-Красноярск-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Сочи-Душанбе, Хуҷанд-Қазон-Хуҷанд ва Хуҷанд-Санкт-Петербург-Хуҷанд манъ мешавад.

Инчунин, ба гуфтаи онҳо, муҳлати иҷозатномаи парвоз дар хатти сайри Хуҷанд-Маскав-Хуҷанд низ ин моҳ ба охир хоҳад расид.

Сомон Эйр: Пули мардумро бармегардонем

Дар барқияи "Росавиатсия” гуфта шудааст, ки манъи парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ва "Тоҷик Эйр" бо қарори Вазорати нақлиёти Русия сурат мегирад. Ин ширкат гуфтааст, масъала ба тасдиқ нашудани дархости "Уралские авиалинии" дар мавриди иҷрои парвозҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рабт дорад.

Хатсайрҳои Душанбе-Маскав-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд, Хуҷанд-Краснодар-Хуҷанд ва Кӯлоб-Маскав-Кӯлоб бетағйир мондааст.

Ширкати "Сомон Эйр" барои пеш омадани ин мушкил аз мусофирон узр хоста, гуфтааст, пули билети онҳоро бармегардонад.

Моҷарои нави ҳавоӣ байни Маскаву Душанбе

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбеву Маскав пас аз он сар зад, ки Тоҷикистон рӯзи 12-уми марти имсол ба ширкати русии "Уралские авиалинии" иҷозати парвоз дар масири нави Перм-Душанберо надод.

Русия таҳдид карда буд, ки аз чораҳои дигар, аз ҷумла қатъи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон кор мегирад.

Ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои русиро ба нақзи усули паритет ва ё баробарӣ айбдор мекунад. Ҷониби Русия дар такя ба созиши қаблан ҳосилшуда парвози ширкатҳояшро мувофиқ ба созишнома медонад ва аз Тоҷикистон талаб дорад, ки ба парвози ширкатҳо иҷозат бидиҳад.

"Уралские авиалинии" рӯзи 27-уми март бо нашри як изҳорот дар посух ба иддаои ҷониби Тоҷикистон, ки ин ширкат пешакӣ барои дарёфти иҷозаи парвоз муроҷиат накардааст, гуфт, 50 рӯз қабл аз оғози мавсими нави парвоз, ба мақомоти Тоҷикистон дархост фиристода буд. Ширкат мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон бидуни огоҳӣ 30 дарсади парвози ҳавопаймоҳояшро кам кард.

Қаблан мақомоти Вазорати нақлиёти Русия барои ҳалли мушкил ҷониби Тоҷикистонро рӯзи 22 ва 23-юми март ба музокирот хонда буд. Аммо мақомоти тоҷик ба Маскав нарафтанд. Русия таҳдид карда буд, ки аз чораҳои дигар, аз ҷумла қатъи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон кор мегирад.

Дар ин бора бештар бихонед:

Тоҷикистон ба музокирот нарафт. Русия: "Чораҳои ҷавобӣ меандешем"

"Уралские авиалинии": "Тоҷикистон 30 % парвозҳои моро кам кард"

Азиз Набизода: "Ҷониби Русия ҳама вақт ба мо фишор меорад"

XS
SM
MD
LG