Пайвандҳои дастрасӣ

"Уралские авиалинии": "Тоҷикистон 30 % парвозҳои моро кам кард"


"Уралские авиалинии" -- ширкати ҳавопаймоии Русия мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бидуни огоҳии пешакӣ 30 дарсади парвозҳои ин ширкатро кам карданд, ки "як талоши берун кардани ширкатҳои русӣ ва монополия кардани бозор" аст.

"Уралские авиалинии" рӯзи 27-уми март бо нашри як изҳорот дар посух ба иддаои ҷониби Тоҷикистон, ки ин ширкат пешакӣ барои дарёфти иҷозаи парвоз муроҷаит накардааст, гуфт, 50 рӯз қабл аз оғози мавсими нави парвоз, ба мақомоти Тоҷикистон дархост фиристода, ҳамаи расмиёти заруриро иҷро кард, аммо ҷониби Тоҷикистон иҷозаи парвозҳоро надод.

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбеву Маскав пас аз он сар зад, ки Тоҷикистон рӯзи 12-уми марти имсол ба ширкати русии "Уралские авиалинии" иҷозати парвоз дар масири нави Перм-Душанберо надод.

Ширкат мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон бидуни огоҳии пешакӣ 30 дарсади парвозҳои ширкатро кам кард. Мудирияти "Уралские авиалинии" мегӯяд, аз ин амалкард тасаввуре ҳосил мешавад, ки "ширкатҳои ҳавопаймоии русиро ба хотири монополия кардани бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон аз бозор берун мекунанд".

Чун ба иддаои "Уралские авиалинии", ширкат аз соли 1994 ба самти Тоҷикистон парвозҳо анҷом медиҳад ва тасмими ҳукумати Тоҷикистон мувозинаи парвозҳоро, ки ба фоидаи ширкатҳои Тоҷикистон ташаккул ёфта буд, вайрон кард.

Ин ҳолат ба гуфтаи "Уралские авиалини", боиси сарсонии садҳо мусофир шудааст, ки бо харидории чипта наметавонанд парвоз кунанд ва дар авҷи афсурдагӣ қарор гирифтаанд. Чун ба гуфтаи ин ширкати русӣ, шумораи мусофирон чиптадор соат ба соат меафзояд ва онҳо гаравгони тасмими мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Ширкати "Уралские авиалинии" аз мақомоти ҳавопаймои Тоҷикистон даъват кардааст, ки дар фурсатҳои наздик аз роҳи музокирот сӯитафоҳумҳои ба миён омадаро бартараф кунанд.

Парвози истисноии ҳавопаймоҳо аз Екатеринбург ба Тоҷикистон

Ҳавопаймоҳои ширкати "Уралские авиалинии» рӯзи 27-уми март аз Екатеринбург ба Хуҷанд ва Душанбе ба таври истисноӣ ду парвоз анҷом дод. Ду ҳавопаймоии ин ширкат як шабонарӯз бинобар надоштани иҷозати парвоз ба шаҳрҳои Тоҷикистон бо беш аз 300 мусофиронаш дармонда буданд. Иҷозатномаро мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон содир мекунанд.

Марина Корпенко, сухангӯи ширкати "Уралские авиалинии" рӯзи 27-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ду ҳавопаймои ширкат дар масири Екатеринбург-Душанбе ва Екатеринбург- Хуҷанд субҳи сешанбе парвоз карданд. "Ҳавопаймоии ин ду сайрхатҳо парвоз карданд. Чун билетҳо фурӯхта шуда буданду мусофирон мунтазир ба ин ду ҳавопаймо ба таври истисноӣ иҷозаи парвоз доданд. Аммо дар мавриди дигар парвозҳо ҳанӯз аз Тоҷикистон посухе нагирифтаем ва мунтазири посухи Тоҷикистонем".

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Маскав

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбеву Маскав пас аз он сар зад, ки Тоҷикистон рӯзи 12-уми марти имсол ба ширкати русии "Уралские авиалинии" иҷозати парвоз дар масири нави Перм-Душанберо надод.

Ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои русиро ба нақзи усули паритет ва ё баробарӣ айбдор сохта ба ҳавопаймоҳои ширкатҳои урсӣ иҷозаи парвоз намедиҳанд. Ҷониби Русия дар такя ба созишномаи қаблан ҳосилшуда парвози ширкатҳояшро мувофиқ ба созишнома медонанд ва аз Тоҷикистон талаб дорад ба парвози ширкатҳо иҷозат бидиҳад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG