Пайвандҳои дастрасӣ

Азиз Набизода: "Ҷониби Русия ҳама вақт ба мо фишор меорад"


Азиз Набизода

Бо гузашти тақрибан як ҳафта аз талаби Вазорати нақлиёти Русия, Тоҷикистон ҳеч посухи расмӣ надодааст. Русия аз ҷониби Тоҷикистон хоста буд, ки ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Уралские авиалинии” иҷозат диҳад, вагарна аз чораҳои ҳамсон нисбат ба ширкатҳои ҳавопаймоии Душанбе кор мегирад.

Онҳо фишор меоранд ва дар ин фишорашон ҷанбаи сиёсиро низ ворид мекунанд. Ҳол онки соҳаи нақлиёти ҳавоӣ сиёсат нест, лекин онҳо сиёсатро ҳамроҳ мекунанд

Бархе аз мақомоти тоҷик дар суҳбатҳои ҷудогона гуфтанд, ки Русия иҷозати парвози ҳавопаймоҳо дар баъзе аз масирҳоро надорад ва аз тариқи фишор кор мегирад. Ба ин далел, онҳо мегӯянд, ҷониби Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймо дар самти Перм-Душанбе ва Челябинск-Душанбе иҷозат намедиҳад.

Азиз Набизода, муовини аввали раиси Оҷонси авиатсияи гражданӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистон, охири ҳафта ба суолҳои Радиои Озодӣ дар ин замина посух дод.

Азиз Набизода: “Мо чанд рӯз шуд, ки сари ин масъала кор мекунем. Нигоҳ кунед, ҳуҷҷатҳои болои мизи маро. Ин масъала дар як сол ду бор авҷ мегирад – мавсими тирамоҳ ва баҳор. Ширкатҳои Русияро медонед, ки парвозашон дар муқоиса ба ширкатҳои “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” бениҳоят зиёд аст. Созишнома имзо шудааст, аммо паритет, яъне баробарии парвозҳо нақз мешавад. Аз ин лиҳоз гуфтем, ки инро ба тартиб дарорем. Русия фишанги бисёр дорад. Аз тариқи ин фишангҳоя ба ҳама ҷо муроҷиат мекунад.”

Радиои Озодӣ: Яъне ҷониби Русия парвози зиёд дорад ва ин ба танзимоти Шумо халал мерасонад?

Азиз Набизода: “Бале, ин гуна муносибати онҳо ва нобаробарӣ дар парвоз ба кори мо халал мерасонад. Ин аст, ки дар парвози ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистон ва Русия баробарӣ нест.”

Радиои Озодӣ: Бибинед, ҷониби Русия баръакс даъво дорад, ки Душанбе созишномаро нақз кардааст...

Азиз Набизода: “Ҷониби Русия бисёр даъво мекунад. Аз ҷумла, мегӯяд, Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймои Перм – Душанбе иҷозат надодааст. Ё ки дар бораи самти Челябинск-Душанбе мегӯянд. Аммо ба Шумо мегӯям, ки ҷониби Русия барои парвози ҳавопаймо дар ин хати сайрҳо иҷозат надошт. Ягон чӣ имзо ҳам нашудааст. Аз тарафи Тоҷикистон дар ин хати сайрҳо - на Челябинск, на Перм - парвоз сурат намегирад. Аммо ҷониби Русия мегӯяд, ки мехоҳад парвоз кунад.”

Радиои Озодӣ: Пас, даъвои ҷониби Русия дуруст нест?

Азиз Набизода: “Даъвои онҳо тамоман дуруст нест. Мо инро мефаҳмем.”

Радиои Озодӣ: Агар асосе надоранд, чаро даъво кунанд?

Ҳавопаймои "Сомон Эйр"
Ҳавопаймои "Сомон Эйр"

Азиз Набизода: “Ҷониби Русия ҳама вақт ба мо фишор меорад. Медонед, ба чӣ ҳадаф? Ба он мақсад, ки чӣ дар нақлиёти ҳавоии ширкатҳои Русия ва чӣ Тоҷикистон танҳо шаҳрвандони мо парвоз мекунанд. Онҳо, воқеан, фишор меоранд. Медонед онҳо чӣ дарди саре барои мо эҷод мекунанд? Иҷозат надодаем, аммо билетҳоро мефурӯшанд. Ана, баъд ба мо коғаз меоранд. Мегӯем, ки рафиқони мӯҳтарам, иҷозат надодаем ва Шумо дар кадом асос чипта фурӯхта ба мо фишор меоред? Онҳо воқеан ба мо фишор меоранд. Медонед чӣ хел фишор: Мегӯянд дар аэропорт (фурудгоҳ) 150 – 200 шаҳрванди шумо нишастагӣ, инҳо бояд парвоз кунанд. Шумо бошед ба инҳо иҷозати парвоз намедиҳед. Ин бечораҳо чӣ кор кунанд? Аммо дар асл онҳо иҷозати чиптафурӯшӣ нагирифтаанд, вале ҳамин хел фишор меоранд.”

Радиои Озодӣ: Аз назари Шумо, фишорашон ба хотири чист?

Азиз Набизода: “Ин фишорҳояшон ба хотири зери контрол гирифтани бозори нақлиёти ҳавоии Тоҷикистон аст. Монополия кардан ва дар назорати худашон гирифтани бозори нақлиёти ҳавоии мо. Ҳама гап дар ҳамин аст.”

Радиои Озодӣ: Баъзеҳо мегӯянд, ки ин масъала ҷанбаи сиёсӣ дорад...

Азиз Набизода: “Мо ҳамавақт ин фикрро дорем. Аммо дар чаҳорчӯби қонунҳои амалкунанда фаъолият мекунем. Онҳо фишор меоранд ва дар ин фишорашон ҷанбаи сиёсиро низ ворид мекунанд. Ҳол онки соҳаи нақлиёти ҳавоӣ сиёсат нест, лекин онҳо сиёсатро ҳамроҳ мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол ба ҷониби Русия чӣ посух хоҳед дод, агар онҳо аз иқдоми амалие кор бигиранд?

Азиз Набизода: “Мо ҳоло кор карда истодаем. Феълан чизе гуфтан барвақт аст. Мумкин мисли худашон маҳдудияте, ки мекунанд, мо низ маҳдудият ҷорӣ кунем ё ягон роҳро пайдо намоем. Мебинем чӣ мешавад. Ҳоло кор карда истодаем.”

Радиои Озодӣ: Яъне, ҳоло иҷозати сафарро ба он самтҳое, ки мегӯянд, намедиҳед?

Азиз Набизода: “Не, иҷозат намедиҳем.”

Радиои Озодӣ: Ҷониби Русия Шуморо рӯзи 22 ва 23-юми март барои музокирот даъват кардааст, меравед?

Азиз Набизода: “Не, мо ҳоло омода нестем. Чаро омода нестем? Чунки мо дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсисёбии Оҷонсии авиатсияи гражданӣ аз 29-уми декабри соли 2017 ташкил шудем. Лекин раҳбарияти Оҷонсӣ – раису муовин 9-уми феврали соли ҷорӣ таъин шудем. Коргар надорем ва ҳоло озмун эълон кардаем.”

Радиои Озодӣ: Ба музокирот рафтанӣ нестед?

Азиз Набизода: “Ба ҳар ҳол гуфтам, ки омода нестем.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG