Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агора": кофтукоб - абзори таҳдиди мухолифони ҳукумат


Владивосток, кофтукоби дафтари Навалний
Владивосток, кофтукоби дафтари Навалний

Кофутукоб дар Русия аз фаъолияти марбут ба таҳқиқи ҷиноят ба абзори тарсдиҳии мухолифони ҳукумати феълӣ табдил шудааст. Чунин аст натиҷагирии ҳуқуқдонҳои гурӯҳи байналмилалии "Агора".

Аз тобистони соли гузашта ходимони пулис на камтар аз 150 маротиб дар дафтари Бунёди мубориза бо фасоди чеҳраи мухолифи ҳукумат Алексей Навалний рейд гузарониданд. Чунин кофтукобҳо дар дафтарҳои ҷумбиши "Русияи боз"- и Михаил Ходарковский дар се сол наздик 50 дафъа ҷараён гирифтанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон 600 мавриди кофтукобҳо дар дафтарҳои фаъолони маданӣ ва созмонҳои таҳти таъқиби ҳукуматро сабт карданд. Аз миёни унсурҳои таҳдид - кофтукобҳои саҳарӣ (аз соати 6 то 8) истифодаи дастгоҳҳои махсус, шикастани дарҳо, таҳдид, намоиши силоҳ, кофтукоби хонаи волидон ва хешони наздик, бештар мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи гурӯҳи "Агора" дар тӯли 10 соли ахир, кормандони пулис ва хадамоти махсус барои кофтукоби манзили зист аз додгоҳ наздик ба 2 миллион иҷоза дарёфт карданд. "Агора" мегӯяд, ҳамарӯза дар Русия ба ҳисоби миёна 500 кофтукоб анҷом мешавад.

XS
SM
MD
LG