Ходимони хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) дар вилояти Свердловск мегӯянд, дар шаҳри Екатеринбург “коргоҳи таҳияи санадҳои тақаллубии муҳоҷират”-ро ошкор кардаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ФСБ, дар робита бо ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар хабари ин хадамот гуфта мешавад, ки коргоҳ ё лабораторияи таҳияи санадҳои тақаллубӣ барои муҳоҷиронро ду бародар аз Тоҷикистон ташкил кардаанд. Аз ин шаҳрвандон ном бурда намешавад, танҳо гуфта шудааст, ки соли таваллудашон 1997 ва 1998 аст.
Тафтишот маълум кардааст, дар ин коргоҳ ба шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ мӯҳрҳои тақаллубии убури марз бо таърихи муайян гузошта мешуд. Илова ба ин, коргоҳ бо таҳияи патенти сохтаи кор, корти муҳоҷират, иҷозаи зисти муваққатӣ ва бланки расидан ба макони зист таҳия мешуд. Ин, ба истилоҳ коргоҳи таҳияи санадҳои тақаллубӣ, дар манзили зисти гумонбарон дар ноҳияи Железнородожнии шаҳри Екатеринбург ошкор шудааст.
Дар хабари дафтари матбуот гуфта мешавад, ки аз дохили ин манзил мӯҳрҳои тақаллубӣ, мӯҳрҳои органҳои ЗАГС ва муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тахминан 50 адад патенти кор ва 50 бланки холии корти муҳоҷират ошкор шудааст. Илова ба ин, компютеру ламинатор ҳам ошкор ва мусодира шудааст. Парванда аз рӯи моддаи “ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ” боз шудааст. Тафтишот гуфтааст, ки худи гумонбарон ҳам дар хоки Русия ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебурданд ва нисбати онҳо боз аз рӯи моддаҳои “убури ғайриқонунии марзи давлатӣ” ва “тақаллубу сохтакории ҳуҷҷатҳо” парвандаи боз шудааст. Ҳарду гумонбар боздошт шудаанд.