Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар СММ аз пешниҳоди Русия тарафдорӣ кард


Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз қатъномаи пешниҳодии Русия ҷонибдорӣ кард. Ин Шӯро рӯзи 22-юми март қатъномаи “Ягонагии системаи додгоҳӣ”-ро қабул кард, ки муаллифи асосиаш Русия буда, Тоҷикистон дар баробари Венесуэла, Бразилия Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамчун ҳаммуаллифи қатънома муаррифӣ шудааст.

Ин қатънома аз кишварҳои узви СММ даъват мекунад, зиндонҳои ҳарбӣ ё трибуналҳоеро, ки берун аз низоми додгоҳӣ зери шиори мубориза бо терроризм ба таври махфӣ амал мекунанд, банданд.

Аз давлатҳои дунё даъват ба амал оварда шудааст, ки бо бастани чунин зиндонҳои махфӣ ҳама гуна қазияҳои ҷиноӣ дар доираи низоми судӣ ва бо риояи ҳуқуқи инсон ва усулҳои демократия баррасӣ шаванд.

Ҳамчунон ин қатънома кишварҳои узвро вазифадор мекунад, ки ҳама гуна қазияҳои шиканҷа, муносибати ғайриинсонӣ бо маҳбусонро дар зиндонҳои ҳарбӣ ва трибуналҳо баррасӣ карда, дастандаркорони онро муҷозот кунанд. Агарчӣ онҳо мансабҳои баланди давлатиро низ ишғол карда бошанд.

Дар гузашта чанде аз зиндонҳои махфӣ, ки дар Гунатанамои Куба ва Таиланд ҷойгир буда, дар он аксаран афроди восбата ба гуруҳу ҳаракатҳои террористӣ нигоҳ дошта мешуданд, мавриди интиқоди созмонҳои ҳуқуқи инсон қарор гирифта буд.

Зимнан, ин бори аввал нест, ки Тоҷикистон аз ташаббусҳои Русия дар СММ ҷонибдорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG