Пайвандҳои дастрасӣ

Дар чанд ҷумла

Саркозӣ дар заминаи пулҳои Қаззофӣ бозпурсӣ мешавад

Саркозӣ ҳангоми истиқболи Муаммар Қаззофӣ. 10-уми декабри соли 2007

Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури пешини Фаронса, дар заминаи иттиҳоми дарёфти сармоя барои интихоботи президентии соли 2007 аз Муаммар Қаззофӣ - раҳбари пешини Либия - таҳти бозҷӯии муфаттишон қарор гирифт. Муфаттишон ду рӯз боз ӯро бозпурсӣ мекунанд.

Саркозӣ шабро дар хонааш сипарӣ кард ва саҳар ба идораи пулиси Нантер - воқеъ дар қисмати шимолу ғарби Порис - баргашт. Матбуот бо такя ба манобеи наздик ба тафтишот менависанд, ки бозпурсии перзиденти пешинро пулиси зиддифасод пеш мебарад.

Тафтиши додгоҳӣ аз рӯи қазияи Саркозӣ соли 2013 дар ҳоле оғоз шуд, ки сомонаи Mediapart иттиҳомеро аз номи соҳибкори фаронсаиву либиягӣ Зиёд Такеиддин нашр кард.

Ин соҳибкор гуфтааст, ки 5 миллион еврои Қаззофиро аз ҳисоби бонкии раҳбари пешини Идораи истихборти Либия ба ҳисоби бонкии раҳбари ситоди интихоботии Саркозӣ интиқол дод.

Николя Саркозии 63-сола, ки аз соли 2007 то 2012 президенти Фаронса буд, ҳамагуна хилофкориро рад мекунад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Нишасти раҳбарони варзиши кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд

Имрӯз, 20-уми май, дар Тошканд ҷаласаи навбатии раҳбарони вазорату идораҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шуруъ шуд.

Ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Узбекистон, дабири кулли СҲШ Чжан Мин барои ширкат дар ин ҷаласа ба Тошканд омадааст. Дар ҷаласа раҳбарони соҳаи варзиши Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳиндустон иштирок мекунанд. Инчунин дар ҷаласа ҳайати Чин ба таври онлайн ширкат меварзад.

Ба рӯзномаи ҷаласа рушди ҳамкориҳо ҷиҳати баргузории мусобиқоти варзишии сатҳи баланд, ки дар оянда ба нақша гирифта шудааст, татбиқи лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаи варзиш байни кишварҳои узви СҲШ, тавсеаи муносибатҳои байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ дохиланд.

Дар баробари ин, оид ба табодули таҷриба дар самти таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷм ҷиҳати ҷалби намояндагони насли наврас ба варзиш вохӯриҳо сурат мегирад.

Дар чаҳорчӯби ҷаласа нақшаи татбиқи «Харитаи роҳ» оид ба ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои масъули рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои узви СҲШ барои солҳои 2022-2024 тасдиқ карда мешавад.

Раҳбарони бахши варзиши СҲШ ҳамчунин доир ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона тавассути варзиш, ҳавасмандгардонии варзишгарон ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти инкишофи Ҳаракати олимпӣ табодули назар хоҳанд кард.

Ҳамзамон намояндагони ҳайатҳо ба Кумитаи миллии олимпии Узбекистон ташриф оварда, аз иншооти варзишии вилояти Тошканд дидан мекунанд.

Ташвиши Созмони Милал аз хушунат ва талафоти ҷонӣ дар Бадахшон

Стефан Дуярич, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз гузоришҳо дар бораи афзоиши ташаннуҷ ва хушунат, аз ҷумла талафоти ҷонӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, изҳори ташвиш кардааст.

Дар ин бора Стефан Дуярич, сухангӯйи Созмони Милал, рӯзи 19-уми май дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, дабири кул тарафҳоро ба хештандорӣ даъват карда, хостааст, тамоми кӯшишро барои ба таври осоишта ҳал кардани вазъияти ҳозира ба кор баранд.

"Созмони Милали Муттаҳид вазъро бодиққат пайгирӣ хоҳад кард," – гуфтааст ӯ.

Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст. Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд. Сокинони Рӯшон рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади 21 нафарро ба наздиконашон додаанд.

Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.

Фармони нави Толибон: "Занҳо дар телевизион чеҳраи худро бипӯшонанд"

Дастури нави Толибон дар бораи тарзи либоспӯшии муҷрӣ ё барандагони зан дар телевизионҳои Афғонистон вокунишҳоеро ба миён овардааст.

Як масъули бахши занон дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Твиттер навишт, амалкарди Толибон барои берун кардани занон аз зиндагии иҷтимоӣ ва фаъолиятҳои рӯзмарра, ба суръат дар ҳоли афзоиш аст.

Масъулини телевизионҳои хусусӣ дар Афғонистон маҷбур шудаанд, то ҳузури муҷриёни занро дар барномаҳои худ тибқи дастури нав омода бисозанд.

Шаҳзод Акбар, раиси пешини Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон, дар вокуниш ба ин иқдоми Толибон дар "Твиттер" навишт, ниме аз сокинони Афғонистон гурусна ба хоб мераваанд, таркиш, қатл ва худкушӣ рӯзона дар ин кишвар рух медиҳад ва дар ин вазъият ба гуфтаи ӯ, авлавияти ҳукуматдорон, ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо ба мӯй, рӯй ва либоси занон аст.

Муҷриёни зан дар телевизионҳои хусусии Афғонистон рӯзи гузашта бо чеҳраҳои пӯшида дар барномаҳо зоҳир шуданд. Бархе аз ин телевизионҳо мегӯянд, ки Толибон дастур додаанд, ки ҳамаи муҷриёни зан дар ҳангоми иҷрои барномаҳо рӯйҳояшонро бипӯшонанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, дар гуфтугӯ бо расонаҳо аз ин амалкард ҳимоят карда, гуфтааст, "хоҳиши мо ин аст, ки хоҳарони мо ҳиҷобро риоя кунанд. Ин як амри динӣ аст, ки ба иффат ва иззаташон кӯмак мекунад ва коре нест, ки таҳдид дониста шавад. Шумо огоҳӣ доред, ки қаблан коронавирус омад ва ҳамаи мардум маҷбур ба ниқоб пушидан шуда буданд. Агар амри динӣ чунин як чизе бошад, чӣ мушкиле аст"?

Аммо фаъолони ҳуқуқи зан дар Афғонистон бо ин суханони Забеҳуллоҳ Муҷоҳид розӣ нестанд. Фаришта Яъқуб, фаъоли ҳуқуқи зан дар Афғонистон мегӯяд, "ба унвони як зани мусалмон ва ба унвони як зан, ки дар ҷомеаи исломӣ зиндагӣ мекунам ва дар як хонаводаи исломӣ калон шудам ва ба арзишҳои исломӣ пойбанд ҳастам, фикр мекунам ва маълумоте ки аз дин дорам, ин суҳбати оқои Муҷоҳидро як амри динӣ фикр намекунам. Ба хотири он ки дар дини ислом ва ба хусус фиқҳи ҳанафӣ, занон маҷбур нестанд, ки чеҳраи худро бипӯшонанд".

Ҳукумати Толибон ҳудуди даҳ рӯз пеш пеш бо судури фармоне, ҳиҷобро дар Афғонистон иҷборӣ кард. Дар фармон ба занон ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати сарпечӣ аз он падар ё наздиктарин марди узи хонаводаи онҳо даъват ва дар ниҳоят зиндонӣ мешавад.

Дар фармони онҳо омадааст, ки "ҳиҷоб як амри шаръӣ ва расмӣ аст" ва бояд бечунучаро иҷро шавад. Вазорати амри маъруф ва наҳйи мункари Толибон рӯзи 7-уми май гуфт, фармони онҳо дар бораи ҳиҷоб дар натиҷаи пешниҳоди уламои динии кишвар содир шудааст.

Бар асоси ин фармон, вазорат вазифадор аст, то назорат кунад, ки ҳамаи занон дар Афғонистон ҳиҷоб ва ё бурқа бипӯшанд. Дар санади вазорат дар ин бора омадааст, ки "барои занони мусулмон, асил ва болиғ риояти ҳиҷоб фарзу зарурӣ аст". Дар ин санад чодир, ё бурқаро беҳтарин шакли ҳиҷоб номида ва гуфтаанд, ҳар навъ либосе, ки баданро бипӯшонад ва ба он начаспида бошад, ҳиҷоб дониста мешавад.

Муқаррароти дигари Толибон дар бораи ҳиҷоб ин будааст, ки агар зане дар идораи давлатӣ кор кунад ва ҳиҷоби фармудаи онҳоро напӯшад, бояд аз кор ронда шавад.

Ин фармони Толибон бо вокунишҳо ва интиқодҳои густурда дар дохил ва берун аз Афғонистон рӯбарӯ шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ фармони Толибонро, ки яке дигар аз фармонҳои онҳо дар бораи маҳрум кардани занони афғон аз ҳуқуқи худ аст, сахт танқид карданд. Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар як баёнияе дар рӯзи 8-уми май гуфт, ин эълони Толибон, ки занон бояд дар ҷойҳои умумӣ чеҳраи худро пинҳон кунанд ва бидуни зарурат аз хона берун наоянд, ӯро бисёр нигарон кардааст.

Толибон, ки моҳи августи соли гузашта ҳукуматро дар Афғонистон гирифтанд, аз ҳамон рӯзҳои аввал занони афғонро аз ҳаққи кор ва таҳсил маҳрум карданд. Онҳо ҳамчунин амр доданд, ки занони афғон аз хона танҳо берун наоянд ва агар омаданд, ҳам бояд мард ва ё хешованди маҳраме бо худ дошта бошанд.

Ҷомеи байналмилалӣ борҳо аз Толибон хостааст, ки ба ҳуқуқи занону духтарон эҳтиром бигузоранд ва ба онҳо иҷоза бидиҳанд, ки мисли ҳама кору зиндагӣ ва таҳсил кунанд.

Вазорати дифои Русия гуфт, 1730 муҳофизи "Азов"-ро асир гирифтааст

Вазорати мудофиаи Русия рӯзи 19-уми май хабар дод, ки 771 низомии дигари украин аз корхонаи фулодгудозии "Азов"-и Мариуполи Украина ба минтақаи таҳти назорати ҷудоихоҳони рӯ ба Русия интиқол дода шудааст.

Ба ин тартиб, тавре мақомоти Русия хабар медиҳанд, шуруъ аз 16 май то кунун теъдоди низомиҳои Украина, ки ба Русия таслим шудаанд, ба 1730 расид. Аз ин теъдод 80 нафар маҷруҳ ҳастанд.

Киев ин рақамро ҳоло шарҳ надодааст. Анна Маляр, муовини вазири мудофиаи Украина ахиран даъват кард, изҳороти ҷониби Русия дар бораи таслим шудани низомиҳои украинӣ ҳамчун иттилои дақиқ пазируфта нашавад.

Сарфи назар аз ин, мақомоти Украина пештар гуфтанд, низомиҳо шуруъ аз 16 май корхонаи "Азов"-ро бо дастури фармондеҳӣ тарк кардаанд. Манобеи расмӣ дар Киев инро "кӯчонидан" номиданд. Киев гуфт, тасмим дорад, ин низомиҳоро тавассути табодули асирон баргардонад.

Маълум нест, чи теъдоди дигар аз низомиҳои Украина дар ҳудуди корхонаи "Азов" боқӣ мондаанд. Ба иттилои вазорати мудофиаи Русия, дар корхонаи "Азов" ҳудуди 2500 низомӣ ҳузур дошт. Ҷониби Украина гуфт, теъдоди дақиқи низомиҳои "Азов"-ро медонад, аммо онро ошкор намекунад. Пештар гуфта мешуд, ки дар корхонаи "Азов" аз 1,5 то 3 ҳазор низомӣ ҳузур дорад.

Кормандони ширкати "ТрубРемСентр" дар Қазоқистон коршиканӣ карданд

Kazakhstan - A strike of workers of Ontustik Shygys servis company. Mangystau region May, 2022

Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон бештар аз сад коргари ширкати "ТрубРемСентр" корпартоӣ доранд. Онҳо маоши бештар ва қатъи таъқиби коргаронро талаб доранд.

Ба гуфтаи Бакитҷон Меретаманов, раиси иттифоқи касаби ширкати "ТрубРемСентр", коргарон аз рӯзи 13 май шуруъ кардаанд. Ин коргарон пештар рӯзи 18-уми апрел ба корпартоӣ баромада, ду ҳафта корпартоӣ карда буданд.

"Шароити корӣ муҳайё нест. Ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ риоя намешавад. Талаби мо барои маоши бештар нодида гирифта мешавад", - гуфт Меретаманов.

Раиси ширкати "ТрубРемСентр" ба дархости батакрори хабарнигорон посух надод.

Афғонистон аз барқи Тоҷикистону Узбекистон $100 млн қарздор шудааст

Вазорати энержии Афғонистон хабар дод, ки аз барқи Тоҷикистону Узбекистон бештар аз 100 млн доллар қарздор шудааст.

Ахтар Муҳаммад Нусрат, намояндаи вазорати энержии Афғонистон гуфт, ки онҳо омодаи пардохти қарзи барқ ҳастанд, аммо Тоҷикистону Узбекистон айни замон дар қабули маблағ аз хориҷ тавассути бонкҳо мушкил доранд.

Раиси пешини ширкати энержии DABS-и Афғонистон Амонулло Ғолиб гуфт, Афғонистон солона ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои барқ наздики 300 млн доллар мепардозад.

"Афғонистон қисми бештари барқашро аз Узбекистон мехарад. Ин наздики $108 млн-ро дар сол ташкил медиҳад. Мушкил ҳоло дар пардохти харҷи барқ аст", - гуфт Амонулло Ғолиб.

Меҳмон Бахтӣ, раиси собиқи Иттиҳоди адибон, даргузашт

Меҳмон Бахтӣ

Меҳмон Бахтӣ, шоиру драмнавис ва раиси собиқи Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, дар 81-солагӣ даргузашт.

Сарвар Бахтӣ, писари шоир, дар ин бора рӯзи 19-уми май дар Фейсбук хабар дод. Иллати марги ӯ гуфта нашудааст.

Меҳмон Бахтӣ солҳои гуногун дар телевизиони Тоҷикистон, "Тоҷиктелефилм" ва Театри Лоҳутӣ кор карда, аз соли 2003 то 2015 раиси Иттифоқи нависандагон буд.

Солҳои 1995-2000 вакили порлумон ва аз соли 2005 то 2010 узви Маҷлиси Миллӣ буд.

Қиссаҳои "Оҳи сабук", "Хубон", "Се соати даҳшатбор", китоби шеърҳои "Пайғоми баҳор", "Хаёли ширин" ва маҷмӯаи намоишномаҳои "Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…", "Оҳанги хаёл" ва дигаронро навиштааст.

Намоишномаҳои "Фирдавсӣ", "Шоҳ Исмоили Сомонӣ" ва "Тилисми Сайҳун" ("Нангбардори Хуҷанд") низ ҳосили заҳматҳои ӯст.

Соли 1988 ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2014 медали адабии байнулмилалии ба номи Михаил Достоевскийро гирифтааст.

Дар Душанбе монеи "Манқурт" шудаанд

Омодагӣ ба намоиши "Манқурт" дар Душанбе. Акс аз Далери Имомалӣ

Намоиши "Манқурт. Реквием" аз рӯйи асари "Дуроҳаи бӯронӣ"-и Чингиз Айтматов ва дар коргардонии Барзу Абдураззоқов, ки бояд шоми 20-уми майи имсол дар театри "Падида"-и Душанбе рӯйи саҳна меомад, боздошта шудааст.

Дар ин бора баъзе аз иштирокдорони намоиш 19-уми май дар Фейсбук хабар дода, аммо сабабашро шарҳ надоданд.

Далери Имомалӣ, хабарнигору ҳунарпешаи тоҷик ва яке аз иштирокдорони намоиш, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, "No comments" (Бидуни шарҳ).

Манобеи огоҳ гуфтанд, мақомот рӯзи 19-уми май аз масъулони намоиш хостаанд, онро баргузор накунанд, вале далеле пеш наовардаанд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон расман чизе нагуфт. Маълум нест, намоиш муваққатан боздошта шудааст ва ё дар оянда рӯйи саҳна хоҳад омад.

Ин нахустин намоиши Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик, дар чанд соли охир дар Душанбе аст. Ӯ муддатҳо боз дар Қирғизистону Қазоқистон ва Узбекистон кор мекунад.

Барзу Абдураззоқов фарзанди ҳунарманди шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов ва ҳунарпешаву коргардони маъруфи театр Фотима Ғуломова аст.

Ӯ соли 1980 риштаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва соли 1987 Донишкадаи театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Соли 2013 ба Бишкек рафт ва ду сол пайиҳам коргардони беҳтарини соли Қирғизистон эътироф шуд. Панҷ сол пеш барои кор ба Қазоқистон рафт. Барзу Абдураззоқов дар гузашта дар театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ва театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе кор кардааст.

ВКД гуфт, дар Рӯшон 114 кас дастгир шудаанд

Рӯшон. Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми май бо нашри баёнияе гуфт, дар ҷараёни амалиёти ба қавли мақомот "зиддитеррористӣ" дар ноҳияи Рӯшон 114 нафарро дастгир кардаанд. Вазорат як рӯз пеш шумораи боздоштшудаҳоро дар ин ноҳия "беш аз 70" нафар гуфта буд.

Сокинони Бадахшон мегӯянд, амалиёт дар Рӯшон барои саркӯби тазоҳуроти мардуми оддӣ буд, ки ба нишони эътироз аз амалкардҳои мақомот дар шаҳри Хоруғ шоҳроҳи Душанбе-Қулмаро бастанд. Ин роҳ Тоҷикистонро ба Чин васл мекунад.

Дар баёнияи вазорат, ки 19-уми май дар хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шуд, омадааст, ҳангоми амалиёт, "24 автомати Калашников, 5 пулемёт, 18 пистолети гуногунтамға, 4 милтиқи ТОЗ-18, 11 норинҷаки дастии Ф-1, 86 коктейли Молотов, 3 кило тратил, 15 ратсия ва 53 телефон мусодира гардид.”

Гуфтае, ки тасдиқи он аз манобеи мустақил ғайримумкин аст.

Вазорат дар ин баёния Алим Шерзамонов, яке аз пешвоёни мухолифин дар хориҷ; Холбаш Холбашов, яке аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва ҳамсари собиқи ӯ Улфатхоним Мамадшоеваро раҳбарони гуруҳе номидааст, ки гуё дар Бадахшон ноамниро ба роҳ андохтанд.

Алим Шерзамонов ва Улфатхоним Мамадшоева ин иддаоро рад карда, гуфтаанд, ҳеч нақше дар тазоҳурот надоранд.

Мақомот мегӯянд, рӯзи 18-уми май дар ҷараёни амалиёт дар ноҳияи Рӯшон 8 сокини маҳаллӣ кушта шуд. Сокинон рӯзи 19-уми май дар бораи гирифтани 21 ҷасад хабар доданд.

Вазорат гуфтааст, онҳо аъзои "гуруҳи мусаллаҳ" буданд, ҳарчанд фаъолон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон онҳоро шахсони бегуноҳе номидаанд, ки ба қавли онҳо барои ҳуқуқи хеш ва беадолатӣ дар вилоят садо баланд мекарданд.

Кишварҳои ғарбӣ пас аз нооромиҳои се рӯзи ахир дар Бадахшон аз мақомоту мардуми норозӣ хостаанд, барои поин овардани шиддати вазъ "нерӯву ғайрати худро дареғ надоранд ва таҳаммул пеша кунанд".

Қазоқистону Чин ба зидди қочоқи маводи ҳастаӣ якҷоя мубориза мебаранд

Сенати порлумони Қазоқистон дар ҷаласаи рӯзи 19-уми май созишнома байни ҳукумати ин кишвар ва ҳукумати Чинро дар бораи пешгирӣ аз интиқоли маводи ҳастаӣ ва партовҳои радиоактивӣ ба тасвиб расонд.

"Тасвиби созишномаи мазкур ҳамкориҳои ҷонибҳоро дар самти пешгирӣ аз қочоқи маводи ҳастаӣ, радиоактивӣ, партовҳои радиоактивӣ, ашёи хатарноки радиатсионӣ тавсеа ва тақвият мебахшад. Ҳамчунин он гузаронидани тамринҳои муштаракро пешбинӣ мекунад", - гуфт вазири молияи Қазоқистон Ерулан Жамаубоев.

Ба гуфтаи вазир, ин санад назорати радиатсионӣ дар гузаргоҳҳои марзии гумрукиро пешбинӣ мекунад. Шакли табодули иттилоотро як гурӯҳи кории муштарак иборат аз намояндагони мақомоти гумруки ду ҷониб ва мутахассисони марказҳои таълимӣ ҳамоҳанг хоҳанд кард.

"Казатомпром" моҳи августи соли равон гуфт, бо яке аз бузургтарин ширкатҳои Чин дар мавриди фурӯши 49 дарсади саҳмияҳои "Орталик", ки конҳои марказии "Минқудуқ" ва "Жалпоқ" дар минтақаи Туркистонро коркард мекунад, қарордод имзо кардааст.

Маҳдудияти дигари Толибон ба зидди хабарнигорони зан дар Афғонистон

Ялдо Алӣ, хабарнигори телевизиони "Тулуъ", 19-уми майи 2022

Толибон фармон додаанд, ки хабарнигорони зан дар Афғонистон ҳангоми муаррифии барномаҳо дар телевизион чеҳраи худро то чашм бипӯшонанд.

Масъулони расонаҳо гуфтанд, фармонро рӯзи 18-уми май аз Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон гирифтанд.

Барандаи як телевизиони хусусӣ дар Кобул рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони вазорат ба ҷойи корашон рафта, фармонро расонданд.

Телевизиони "Тулуъ" дар саҳифааш дар Твиттер навишт, "Вазорати амр ба маъруф ва Вазорати иттилооту фарҳанги Толибон ин амрро қатъӣ ва ғайри қобили баҳс донист".

Ин расонаи хусусӣ нигоштааст, бар асоси маълумоте, ки гирифтанд, ин дастур ба расонаҳои дигари фаъол дар Афғонистон низ дода шудааст.

Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон низ тасдиқ кард, ки ба масъулони телевизионҳо тавсия дод, "хабарнигорони зан дар барномаҳо ҳиҷобро риоят кунанд".

Пеш аз ин низ Толибон ба зидди расонаҳо ва бавижа хабарнигорони зан маҳдудият ҷорӣ карда буданд.

Аъзои ин гуруҳи тундрав моҳи августи соли 2021 дигарбора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, вале то ҳанӯз ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Politico: Амрико намехоҳад, Киевро бо мушакҳои дурпарвоз таъмин кунад

Мақомоти ИМА намехоҳанд Украинаро бо мушакҳои дурпарвоз таъмин кунанд. Дар ин бора маҷаллаи Politico бо такя ба манобеи худ хабар додааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони расона, Амрико аз он ҳарос дорад, ки ҷониби Украина метавонад ин низомҳои мушакиро барои ҳамла ба қаламрави Русия истифода кунад ва он боиси шиддат гирифтани низоъ хоҳад шуд.

Сухан аз "HIMARS", низоми пешрафтаи мушакии саёр меравад, ки мушакҳои он то 300 километр парвоз хоҳанд кард.

Масъалаи интиқоли HIMARS ва низомҳои дигари монанд ба он охири моҳи апрел дар як нишаст оид ба расонидани кумаки низомӣ ба Украина дар Олмон баррасӣ шудааст.

Нашрия менависад, ки моҳҳои ахир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Украина муҷтамаъҳои мушакии даврони шӯравиро, ки дар анбори кишварҳои ҳампаймон мехобиданд, интиқол додааст, аммо Киев интизор дорад, ки силоҳҳои муосири амрикоиро дарёфт кунад.

Зеленский иддаои Русияро дар бораи силоҳи нерӯманд "тарғибот” номид

Владимир Зеленский

Президенти Украина иддаои Русияро дар бораи истеҳсоли силоҳи нерӯманд барои маҳви ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина тарғиботи давраи ҷанг номид.

Владимир Зеленский гуфт, ин гуна хабарҳо аз тарафи раҳбароне паҳн карда мешаванд, ки аз эътирофи "хатоҳои фоҷеаборашон" хавф доранд.

Хабаргузории давлатии ТАСС 18-уми май аз нақли муовини сарвазири Русия Юрий Борисов навишт, ба ҳамин зудиҳо истеҳсоли силоҳи лазериро такмил хоҳанд кард, ки “ба маротиб нерӯи бештар дошта, ба маҳви ҳадафҳои гуногун қодир хоҳад буд.”

Тибқи ҳамин гузориш, силоҳи нав 18-уми май озмоиш шуда, дар давоми панҷ сония як ҳавопаймои бесарнишин ё худ дронро нобуд кард.

Ба қавли ин мақомдори Русия, ин силоҳ аллакай дар Украина истифода мешавад. Иддаои Борисовро манбаъҳои мустақил тасдиқ ва ё рад накардаанд. Ягон акс аз ин силоҳи лазерӣ ҳам нашр нашудааст.

Президенти Украина мегӯяд, ин тарғиботи ҷангии мансабдорони баландпоя ва фармондеҳони рус аз он сабаб тақдим мешавад, ки онҳо аз эътирофи хатоҳои фоҷеаборашон хавф доранд.

Русия гуфт, тахминан 1000 сарбози украинӣ аз "Азовстал" берун шудаанд

Русия гуфт, тахминан як ҳазор размандаи украинӣ, ки дар корхонаи пӯлодгудозии “Азовстал” ба нерӯҳои русӣ муқовимат мекарданд, худро таслим карданд.

Сухангӯи Вазорати дифои Русия генерал Игор Конашенков дар изҳороте рӯзи 18-уми май гуфт, дар давоми 24 соати гузашта 694 размандаи украинии паноҳёфта дар “Азовстал” “таслим шуданд” ва 29 нафари онҳо сарбозони ярадоршуда мебошанд.

Конашенко гуфт, дар рӯзе аз он пеш 265 сарбози украинӣ, аз ҷумла 51 маҷрӯҳ силоҳи худро замин гузошта “таслим шуданд”. Дар умум шумори низомиёни украинии дохили корхонаро тарккарда 959 нафар ҳисоб шудааст. Ҳамаи онҳо, тибқи гузоришҳо, ба минтақаҳои шарқи Украина, ки зери назари Русия мебошанд, интиқол ёфтанд.

Мақомоти украинӣ ҳанӯз ин оморро тасдиқ накардаанд. Рӯзи 17 май Ҳанна Маляр, муовини вазири дифои Украина гуфт, ки музокира барои табдили зиндониҳо бо маҳбусони рус ҷараён дорад.

Дар мактабҳои Узбекистон пулҷамъкунӣ барои "Занги охир"-ро манъ карданд

Вазорати маорифи халқии Узбекистон дастурамали баргузории маросими хатми мактаб - "Занги охир"-ро таҳия кардааст.

Вазорат ин дастурамалро ба ҳамаи мактабҳои миёнаи Узбекистон ирсол кардааст. Бино ба дастурамал, чорабинӣ дар саҳни мактаб баргузор ва бегонагон ба ҳудуди мактаб роҳ дода намешаванд.

"Занги охир" аз соати 8:00 то 8:45 дақиқа давом мекунад. Дар маросим ба хонандагони пешсаф сипосномаҳо тақдим мегардад.

"Хотиррасон мекунем, ки дар ин маросим ҷамъоварии маблағ аз хонандагон қатъиян манъ аст", - хабар додааст вазорати маорифи халқии Узбекистон.

Дар Қирғизистон 111 муассисаи хусусии тиббиро мебанданд

Kyrgyzstan. Batken. Hospital. Kyrgyz-Tajik border.

Вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки 111 муассисаи хусусии тиббӣ дар ин кишвар баста мешавад. "Ин муассисаҳо ба талаботи тиббӣ ҷавобгӯ нестанд", -мегӯянд мақомот.

Моҳи апрели соли ҷорӣ комисияи вижаи вазорати тандурустӣ фаъолияти 730 муассисаи хусусии тиббиро санҷид. Дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки фаъолияти 111 муассиса ба талабот ҷавобгӯ нест.

Ба илова, ба 148 муассисаи дигар, ки ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ набуданд, барои ислоҳ муҳлат дода шуд.

Ҳамзамон вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод, ки 84 дорухона бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ фаъолият мекардаанд.

Русия гуфт, тахминан 1000 сарбози украинӣ аз "Азовстал" берун шуд

Сарбозони украиниро дар автобусҳо интиқол медиҳанд

Русия гуфт, ки тахминан як ҳазор размандаи украинӣ, ки дар корхонаи пӯлодгудозии “Азовстал” ба нирӯҳои русӣ муқовимат мекарданд, худро таслим карданд. Сухангӯи вазорати дифои Русия генерал Игор Конашенков дар изҳороти рӯзи 18-уми май гуфт, ки дар давоми 24 соати гузашта 694 размандаи украинии паноҳёфта дар “Азовстал” “таслим шуданд” ва 29 нафари онҳо сарбозони ярадоршуда мебошанд. Конашенко гуфт, ки дар рӯзе аз он пеш 265 сарбози украинӣ, аз ҷумла 51 маҷрӯҳ силоҳи худро замин гузошта “таслим шуданд”. Дар умум шумори низомиёни украинии дохили корхонаро тарккарда 959 нафар ҳисоб шудааст. Ҳамаи онҳо, тибқи гузоришҳо, ба минтақаҳои шарқи Украина, ки зери назари Русия мебошанд, интиқол ёфтанд. Мақомоти украинӣ ҳанӯз ин оморро тасдиқ накардаанд. Рӯзи 17 май Ҳанна Маляр, муовини вазири дифои Украина гуфт, ки музокира барои табдили зиндониҳо бо маҳбусони рус ҷараён дорад.

Сарбози рус дар додгоҳи украинӣ гуфт, марди 62-солаи мулкиро куштааст

Вадим Шишимарин, додгоҳи Киев. 13 маи соли 2022

Нахустин сарбози русе, ки барои ҷиноятҳои ҷангӣ дар як додгоҳи Киев посух медод, худро гунаҳгор эълон кард. Вақте дар мурофиаи рӯзи 18 май додрас аз сержант Вадим Шишимарин пурсид, ки оё ӯ худро дар куштори як шаҳрванди 62-солаи Украина гунаҳгор меҳисобад, ки бо дучархааш аз деҳаи Чупахивкаи минтақаи Суми убур мекард, сарбоз гуфт: “Бале”. Ба Шишимарин, ки зодаи минтақаи сибирии Иркутск мебошад, ҳукми ҳабси абад таҳдид мекунад. Куштор чанд рӯз баъди шурӯи ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина рух додааст. Дар як видеое, ки аз ҷониби Хадамоти амнияти Украина нашр шуд, Шишимарини 21-сола, узви воҳидҳои тонкии Русияи боздоштшуда аз ҷониби украиниҳо ба гуноҳаш иқрор шудааст. Шишимарин дар тасвири ҳодисаҳои рӯзи 28-уми феврал гуфт: “Ба ман амр доданд, ки бикушам”. Ӯ афзуд: “Ман як дафъа тир кушодам. У афтод ва мо ба роҳамон давом додем”.

Ирина Венедиктова, додситони кулли Украина ҳуввияти 10 сарбози бригадаи 64-уми низомии нирӯҳои русиро мушаххас кард ва гуфт, ки ин нафарон “дар ваҳшоният алайҳи сокинони мулкӣ ва дигар ҷиноятҳои ҷангӣ” гумонбар мебошанд. Ӯ гуфт, ки таҳқиқи амалҳои содиркардаи онҳо дар шаҳри Буча идома дорад.

Баъди ақибнишинии нирӯҳои русӣ аз шаҳри Бучаву дигар шаҳракҳои атрофи Киев шаҳодати кушторҳои бераҳмона, гӯрҳои дастаҷамъӣ ва дигар ҷиноятҳо алайҳи сокинони мулкӣ ошкор шуд.

Рӯзи 12 май аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар як овоздиҳӣ якдидона қарори роҳандозии таҳқиқи мавридҳои қонуншиканиҳои нирӯҳои русиро дар минтақаҳое, ки муваққатан зери дасти онҳо буданд, дастгирӣ карданд.

Русия даҳҳо дипломати фаронсавию итолиёиро ихроҷ кард

Сафорати Фаронса дар Маскав. Акс аз соли 2017

Русия эълон кард, ки даҳҳо дипломати фаронсавӣ ва итолиёиро “дар посухи ҷавобӣ” ба айни чунин қарори аврупоиҳо дар робита ба ҷанги Русия дар Украина аз қаламраваш ихроҷ мекунад. Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 18 май дар Маскав гуфт, ки 34 корманди “сохторҳои дипломатии Фаронса дар Русия” шахсони мамнӯъ-ул-вуруд номида шуда, бояд дар давоми ду ҳафта кишварро тарк кунанд. Бо айни чунин қарор 24 дипломати итолиёӣ ҳам амр гирифтанд, ки хоки Русияро тарк кунанд.

Нахуствазири Итолиё Марио Драги ин қарорро чун “як амали душманона” маҳкум кард, айни замон гуфт, ки ин кор набояд боиси пурра қатъ шудани иртиботи дипломатӣ шавад, чун, “тавассути ин шабакаҳо, агар мо муваффақ шуедм, сулҳ ба даст меояд ва ин ҳамон чизест, ки мо мехоҳем”. Фаронса, ки моҳи апрел 35 дипломати русро ихроҷ карда буд, рӯзи 18 май қарори Русияро маҳкум кард. Айни замон Рум Маскавро огоҳ кард, ки ба 30 дипломати рус гуфта шуд, ки “бо далелҳои амнияти миллӣ” хоки Итолиёро тарк кунанд.

Амрико назорати амниятӣ бар бинои сафорату консулгариҳои Афғонистонро дар ин кишвар ба дасти худ гирифт

Сафорати Афғонистон дар Вашингтон

Департаменти давлатии ИМА дар изҳороте рӯзи 17-уми май гуфт, ки ҳукумати ин кишвар назорат бар биноҳои сафоратхонаи Афғонистон дар Вашингтон ва ду бинои консулгарӣ дар иёлатҳои амрикоиро ба дасти худ гирифтааст. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Департаменти давлатӣ “танҳо масъули” амнияту барқарорсозии равобити дипломатӣ ва ҳам “муҷаҳҳазсозии дохили биноҳову бойгонӣ ва дороиҳои молии” он мебошад, аз ин рӯ ворид шудани дигарҳоро ба ин биноҳо иҷоза намедиҳад. Шурӯъ аз нисфирӯзии 16 май сафорат ва ду консулгариҳои Афғонистон, ки дар Литтл Неки Ню-Йорк ва Берверли Ҳиллзи Калифорния воқеъ ҳастанд, фаъолиятҳлои дипломативу консулиро қатъ карданд.

ИМА ҳукумати Толибони Афғонистонро ба расмият намешиносад. Ин гурӯҳ баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои амрикоиву байналмилалӣ, моҳи августи соли 2021 назорат бар тамоми кишварро ба дасти худ гирифт. Як мақоми дипломатӣ гуфт, ки тасмими таҳти назорати амниятии Амрико гузаштани сафорату консулгариҳои Афғонистон ба сиёсати Вашингтон дар Афғонистон ҳеҷ таъсире надорад.

Генерали калони покистонӣ музокира бо "Таҳрики Толибон"-ро назорат мекунад

Сарҳади Афғонистону Покистон, макони номаълум. Мулло Фазлуллоҳ (дар марказ), раҳбари "Таҳрики Толибони Покистон"

Як мақоми Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҷараёни музокироти миёни мақомоти Исломобод ва гурӯҳи тундрави “Таҳрики Толибони Покистон” як генерали артиши Покистон назорат мекунад. Мақомоти покистонӣ тасдиқ карданд, ки генерал-лейтенант Файз Ҳамид, ки масъули нирӯҳои покистонӣ дар минтақаи шимолуғарбии Хайбар Пахтунва мебошад, раҳбарии ҳайати Покистонро дар музокирот бо “Таҳрики Толибони Покистон” дар шаҳри Кобули Афғонистон ба ӯҳда дорад. Ин мақом гуфт, ки дар ин музокирот вазири корҳои дохилии Толибон Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва раиси истихборот Абдулҳақ Қозиқ ба ҳайси миёнҷӣ иштирок мекунанд. Исломобод, ки гурӯҳи тундрави “Таҳрики Толибони Покистон”-ро дар куштори даҳҳо сарбозонаш дар соли гузашта гунаҳгор мекунад, дар талоши коҳиши хушунатҳо аст. Дар амри дастёбӣ ба созишу муомилаҳо Исломобод аз зиндонҳояш беш аз 100 узви ин гурӯҳ, аз ҷумла фармондеҳони калони онро озод кардааст.

Умедвории Украина ба табдили размандаҳои "Азовстал" бо зиндониҳои рус

Сарзбозони аз дохили корхона беруномада дар дохили автобусҳои русӣ
Дар ҳоле, ки муколама барои озод кардани размандагони “Азовстал” идома дорад, нирӯҳои Русия рӯзи 18-уми май мушаку бомбаборони ҳадафҳои низомиву сокинони мулкии Украинаро бас накарданд. Муовини вазири дифои Украина рӯзи 17 май изҳори умедворӣ кард, ки 264 размандаи аз дохили корхонаи “Азовстал”-и Мариупол беруномада бо маҳбусони ҷангии Русия табдил карда мешаванд. Изҳороти Ҳанна Маляр баъди як гуфтаи раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин садо дод, ки сарбозони беруномадаро “ҷинояткор”-е номид, ки ба гуфтааш, “бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”. Интерфакс навишт, Володин гуфтааст, ин нафарон бояд набояд табдил шаванд. Маляр гуфт, ки гапҳои Володин тобиши сиёсӣ дошта, бо ҳадафи “пропагандаи дохилӣ” гуфта шудааст. Маляр гуфт, ки талошҳо барои аз дохили корхона берун овардани сарбозон ва ҳам музокира сари сарнавишти онҳое, ки аллакай берун баромаданд, ҷараён доранд. Вазорати дифои Украина гуфт, ки 264 разманда, аз ҷумла 53 нафарашон бо ҷароҳатҳои сангин аз корхона берун оварда шуда ба қаламрави зери назорати Русия интиқол ёфтаанд. Дақиқ маълум нест, ки дар таҳхонаҳои "Азовстал" чӣ микдор одам боқӣ мемонад.

НАТО аз майли Финляндия ва Шведсия ба узвияти паймон истиқбол кард

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО гуфт, ки бо нигаронӣ аз ҷанги Русия дар Украина Финляндия ва Шведсия аризаи узвият дар ин паймони низомиро доданд. Столтенберг дар як нишасти хабарии 18-уми май гуфт, аризаи узвияти ин ду кишварро “гарм истиқбол мекунад” ва Финляндияву Шведсияро “шарикони наздиктарини мо” номид. Дар изҳороти НАТО дар Твиттер ин таҳаввулот чун “як рӯзи таърихӣ” ёд шудааст. Интизор меравад, ки ҷараёни таҳияи аризаи узвият дар НАТО аз ҷониби ин ду кишвар ду ҳафтаро дар бар мегирад. То ҳол танҳо Туркия дар баробари нияти узви НАТО шудани ин ду кишвар мухолифат кардааст. Агар мухолифатҳои Туркия бартараф шавад, эҳтимолан ҷараёни пурраи ба узвияти НАТО қабул шудани Финляндия ва Шведсия чанд моҳро дар бар гирад. Одатан ин ҷараён 12 моҳро талаб мекунад. НАТО хостори ин аст, ки дар шароити таҷовузи Маскав алайҳи Украина ин ду кишвар ба зудтарин фурсат аъзои паймон шаванд.

AP: Чин Шинҷонро ба зиндони бузург табдил медиҳад

Дар Уйғури Чин тақрибан ҳар 25-умин сокин бо айби терроризм ба зиндон маҳкум шудааст. Ба иттилои хабаргузории Associated Press (АР), ин болотарин сатҳи зиндонсозӣ дар дунё аст.

Рӯйхате, ки хабаргузорӣ дарёфт кардааст, номи бештар аз 10 ҳазор уйғуртабореро дар бар мегирад, ки дар маҳбаси Конашехери Шинҷон зиндонӣ шудаанд. Дар солҳои охир Чин уйғурҳо, ақалияти мусалмони Шинҷонро таъқиб мекунад ва ин таъқибҳоро мубориза бо терроризм меномад.

Баъди танқидҳои байналхалқӣ ҳукумати Чин дар соли 2019 эълом кард, ки урдугоҳҳои ғайрдидодгоҳиро мебандад. Уйғуртаборонро бидуни эъломи айб дар додгоҳ дар чунин урдугоҳҳо зиндонӣ мекарданд. Аммо коршиносон мегӯянд, ҳазорон уйғур бо айбҳои сохтаи терроризм даҳсолаҳо дар маҳбас мемонанд.

Конашехер - яке аз деҳаҳои ҷанубии Шинҷон аст. Дар ин деҳа бештар аз 267 ҳазор кас зиндагӣ мекунад. Бино ба рӯйхати нашркардаи хабаргузорӣ, зиёда аз 10 ҳазор сокини ин деҳаро аз 2 то 25 сол зиндонӣ кардаанд.

490 қазоқтабор Туркманистонро тарк мекунад

Акс аз бойгонӣ.

490 қазоқтабори Туркманистон ибтидои моҳи июн ин кишварро тарк ва ба Қазоқистон мекӯчанд. Дар ин бора расонаҳои Туркманистон хабар доданд.

Ҳукумати Қазоқистон барномаи махсусеро амалӣ месозад, ки бар асоси он қазоқтаборон аз саросари дунё метавонанд, ба Қазоқистон кӯчанд.

Охири моҳи феврали соли 2021 бештар аз 160 қазоқтабор аз Туркманистон ба Қазоқистон кӯчида буд.

Аз ибтидои соли ҷорӣ қариб 2 ҳазор қазоқтабор аз саросари дуён ба Қазоқистон кӯчидаанд. Бештари онҳо асосан дар вилоятҳои Алмато ва Мангистау зиндагӣ ихтиёр кардаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG