Дар посух ба таҳрими Британия, Русия дипломатҳои он кишварро аз қаламраваш берун мекунад. Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 15-уми март изҳорот дод.
Аммо Лавров дақиқ нагуфт, ки чанд дипломати Британияро хориҷ мекунанд ва барои берун шудан аз Русия ба онҳо чӣ қадар вақт дода хоҳад шуд. Лавров иттиҳоми Британияро, ки дар заҳролудшавии ҷосуси пешини Русия Сергей Скрипал Маскавро масъул медонад, "беасос ва беодобона" унвон кард.
Рӯзи 14-уми март нахуствазири Британия Тереза Мэй, Русияро ба заҳролуд кардани ҷосуси пешини истихборот Сергей Скрипал муттаҳам кард ва ба 23 дипломати рус барои хориҷ шудан аз қаламрави он кишвар як ҳафта муҳлат дод.
Рӯзи 4-уми март Сергей Скрипал ва духтараш Юлия баъди заҳролудшавӣ бо гази фалаҷкунандаи асаб дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд. Як ходими пулис, ки қазияро боҷӯӣ мекард, низ ба бемористон афтод.