Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони Тоҷикистон бо 24 тонна сӯзишвории қочоқӣ боздошт шуданд


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти марзбонии Қирғизистон гуфтанд, ки дар гузаргоҳи марзии ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд 24 тонна сӯзишвории қочоқӣ ошкор ва боздошт шудааст. Ботканд бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Дар хабари расмии марзбонҳои Қирғизистон гуфта мешавад, ки субҳи 13 март ду шаҳрванди Тоҷикистон талош доштанд бо ду мошини борбар дар макони дур аз назорати марзбонӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон сӯзишвории бидуни қайдро ворид кунанд. Ҳангоми талоши убури марз дар 250-метрии сарҳад ин мошинҳо ва соҳибонаш боздошта шуданд.

Соҳибони бори қочоқӣ ба пардохти ҷарима муваззаф шуда, сӯзишвории мусодирашуда ба ихтиёри кормандони хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дода шуд. Ноябри соли 2017 нахуствазири Қирғизистон Сапар Исоқов супориш дод, ки назорат аз қочоқи сӯзишворӣ шадидтар шавад.

Видеоҳои охирин

"Магар давлат ба касе ҳақ додааст, ки одамонро шиканҷа кунанд?"
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:03:28 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG