Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ бо ширкати 567 варзишгар аз 49 кишвар то рӯзи 18-уми март идома хоҳад кард.
Дар ду рӯзи мусобиқот (10-11 март) аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 16 кишвар соҳибони медалҳо гардиданд, аз он ҷумла намояндагони ҳашт кишвар медалҳои тилло ба даст оварданд.
Мунтахаби ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), ки 9 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст, дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо дар мақоми аввал аст. Фаронса бо 6 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар мақоми дувум қарор дорад. Словакия бо 5 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми севумро касб кардааст.
Олмон бо 5 медал (2 тилло ва 3 нуқра) мақоми чорум, Канада ва Украина ҳар кадом бо 6 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми панҷумро соҳиб шудаанд. “Варзишгарони паралимпии бетараф” аз Русия бо 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) дар мақоми ҳафтум қарор доранд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Беларус бо 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ва Ҷопон бо 3 медал (2 нуқра ва 1 бирингҷӣ) дохиланд.
Ҳисоби медалҳо
Ҷ |
Кишвар |
Т |
Н |
Б |
Ҳ |
---|---|---|---|---|---|
1 |
ИМА |
4 |
3 |
2 |
9 |
2 |
Фаронса |
3 |
2 |
1 |
6 |
3 |
Словакия |
3 |
1 |
1 |
5 |
4 |
Олмон |
2 |
3 |
0 |
5 |
5 |
Канада |
2 |
1 |
3 |
6 |
5 |
Украина |
2 |
1 |
3 |
6 |
7 |
Русия |
2 |
1 |
0 |
3 |
8 |
Швейтсария |
2 |
0 |
0 |
2 |
9 |
Беларус |
0 |
2 |
2 |
4 |
10 |
Ҷопон |
0 |
2 |
1 |
3 |
10 |
Британияи Кабир |
0 |
2 |
1 |
3 |
12 |
Австрия |
0 |
1 |
2 |
3 |
13 |
Италия |
0 |
1 |
1 |
1 |
14 |
Белгия |
0 |
0 |
1 |
1 |
14 |
Кореяи Ҷанубӣ |
0 |
0 |
1 |
1 |
14 |
Зеландияи Нав |
0 |
0 |
1 |
1 |
Дар Паралимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан варзишгарон барои 80 маҷмуи медалҳо аз рӯи 6 ришта - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижаронӣ, сноуборд, кёрлинг ва слеҷ-ҳоккей – рақобат мекунанд. Гурҷистон, Кореяи Шимолӣ ва Тоҷикистон барои аввалин бор дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ иштирок доранд.
Сиёвуш Илёсови 28-сола танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ намояндагӣ мекунад. Ӯ ҳамроҳи мураббиаш Илҳомиддин Абдуллоев рӯзи чоршанбе, 14-уми март, дар пойгаи лижаронӣ байни мардон ба масофаи 1,5 километр (Sprint Classic, Vis Imp) дар даври интихобӣ вориди рақобат мешавад.
Худованд чояшро чаннат кунад,cитораи дурахшони балетаи точик Малика Собирова,ман фахр мекунам, ки Маликаи точики мо дар замони Шурави сахнаи тчоикро ба фазои баланд ,бардоштааст.Парвардигоро гураш пурнур бошад,гузаштанашро аз Пули Сирот осон гардонад.Рухат шод бод Маликаи зебои точик,хонаи охиратат обод бод.
Набирают опыт. Чтобы Кыргызстан боялся
Шараф ба Шумо кахрамонхои Украини!!!Худо кунад,ки мо Точикистониен мисли Шумо Ватанаморо хамигуна ДУСТ дорему барои як ВАЧАБ замини даркор ШАВАД бо дасти ХОЛИ хам бошад аз ДИФО кунем!!!Боз хам ШАРАФ ба Шумо шараф шараф шараф!!!
Бузургони ахли санати сатхи чахони, точикони сатхи Ибн Сино ва Мавлоно Руми дар сохаи худ. Рухашон шод бошад.
Ягона рохи кумак ба мардуми точикистон ин тарнимхоро нисбат ба рахмон ва оилааш ва тими ятимов ва рахимов мебошад. The only way to support the the human rights issues in Tajikistan is that the US along with others international community have to impose sanctions against rahmon and his family and the team of Yatimov and Rahimov. Otherwise its just words, we need actions