Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи гурӯҳҳои ҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе


Музокироти навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба масъалаҳои аломатгузории марз дар Душанбе ба анҷом расид. Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки ин музокирот аз 6 то 8-уми март идома кард.

Дар поёни ин музокирот "замимаҳои зарурӣ ба лоиҳаи Аҳднома байни Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии ду кишвар" таҳия шуд. Ин санадҳо ба созишнома оид ба аломатгузории марзи давлатии ду кишвар илова мешавад.

Қарор аст, рӯзи 9-10-уми март дар Душанбе дар ҷараёни сафари расмии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев созишномаи нав оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марз ба имзо расад.

Моҳе пеш - 24-уми феврал дар шаҳри Фарғона бо раҳбарии нахуствазирони ду кишвар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар баргузор шуд ва нишасти имрӯзаи Душанбе барои такмили ин ҷаласа баргузор шуд.

Беш аз 90 дарсади сарҳади 1300-километрии байни Тоҷикистону Узбекистон таъйину аломатгузорӣ шудааст ва фақат 60 километри дигар мондааст, ки бояд ду тараф сари тақсими он ба мувофиқа бирасанд.

Интизор меравад, баъд аз имзои созишномаи нави марзӣ ҷузъиёти созиши байни ду кишвар ошкор шавад.

Ин дар ҳолест, ки аз 1-уми марти имсол дар марз бо Узбекистон 10 гузаргоҳ барои убуру мурури шаҳрвандони ду кишвар ифтитоҳ шуд.

XS
SM
MD
LG