Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги нав миёни Русияву Украина. Аврупо ба музокирот хонд


Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки барои ҳалли низои нави газӣ миёни Русия ва Украина миёнравӣ хоҳад кард. Марос Сефкович, муовини раиси Кумисюни Аврупо гуфт, вазирони энержии Русия ва Украина сари гуфтугӯ менишинанд.

Сухангӯи вай рӯзи 2-юми март дар Брюссел ба хабарнигорон гуфт, вазири умури хориҷии Украина тақозо кардааст, то Сефкович барои оғози музокирот ҳамкорӣ кунад.

Ширкати давлати Газпроми Русия рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки содироти газро ба Украина аз сар намегирад. Ин эълон боис шуд, Украиана дар ин сармои шадиди зимистон интиқоли газро ба хонаҳои мардум коҳиш диҳад.

Мактабу донишгоҳҳои бисёре дар Украина баста шудаанд ва таниши миёни Киев ва Маскав як бори дигар афзоиш ёфт. Нахуствазири Украина дар суханронии телевизионӣ рӯзи ҷумъа гуфт, бо ширкати давлатии гази Лаҳистон як қарордоди фаврӣ мебанданд ва интиқоли газ ба хонаҳои мардум дубора одӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG