Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳам зот, ҳам авлод. Президент қонуни зотпарвариро имзо кард


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон қонун “Дар бораи зотпарварӣ”-ро имзо кард, ки аввали моҳи декабри соли гузашта ба хотири истифодаи калимаи “авлод” ва “зот” дар он мавриди баҳси доғи вакилони порлумон шуда буд. Ин қонунро порлумони Тоҷикистон рӯзи 13-уми декабри соли гузашта баррасӣ кард. Бархе вакилон гуфтанд, истифодаи калимаи “авлод” нисбат ба гову асп ва ҷонварони дигари шохдор бемаврид аст, чун онро бештар нисбат ба инсон ба кор мебаранд.

Донишмандони соҳа даъват шуданд, ки ин калимаро шарҳ диҳанд. Фаҳмонда шуд, ки ин калимаҳо дуруст ва ҳар кадоме дар қонун дар ҷойи худ истифода шудаанд.

Аммо дар қонуне, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 21-уми феврал имзо кард ва нусхаи он тоза дар нашрияҳои расмӣ нашр шуд, дар аксари бандҳои қонун бо мазмунҳои гуногун ҳам калимаи зот ва ҳам авлод истифода шудааст.

Ин баҳсро дар порлумон вакил Олим Салимзода оғоз кард, ки мафҳуми “авлод” ба чорво нисбат дода намешавад ва авлод – ҷамъи валад буда, ба инсон хос аст. Баъдан, чанд вакили дигар низ аз ӯ ҷонибдорӣ карданд.

"Олимон исбот карданд, ки авлод дуруст аст"

Аммо Зайниддин Сафаров, вакили порлумон ва яке аз муаллифи тағийру иловаҳо ба ин қонун, рӯзи 3-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, норизоии вакилон сари ин калима пас аз ҷаласа баррасӣ шуд ва онҳо низ мутақоид шуданд, ки калимаҳои авлоду зот дуруст корбарӣ шудаанд.

Маҷлиси Намояндагон
Маҷлиси Намояндагон

“Донишмандони соҳа даъват шуданд, ки ин калимаро шарҳ диҳанд. Фаҳмонда шуд, ки ин калимаҳо дуруст ва ҳар кадоме дар қонун дар ҷойи худ истифода шудаанд. Онҳо қаноатманд шуда, имзо гузоштанд. Мо донишмандони соҳаро аз академияи илмҳо даъват кардем, олимони соҳаи чорвопарвариро даъват кардем, намояндаҳои Кумитаи забонро даъват карда будем. Қонун дуруст буд, ки имзо шуд”, - гуфт Зайниддин Сафаров.

Вакилоне, ки рӯзи ҷаласа ба ин калима эрод гирифтанд, дигар нахостанд, дар ин бора сӯҳбат кунанд. Аммо як корманди Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки дар таҳияи ин лоиҳа машварат додааст, бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “зот ва авлод ду калимаи аз ҳам фарқкунанда ҳаст, ки дар ин қонун дуруст истифода шудаанд”.

Дар қонуни мазкур калимаи авлод, ки баҳс сари он буд, шарҳ дода шудааст, “авлод – гурӯҳи муайяни ҳайвоноти кишоварзии якнасли таркиби зот, ки аз як ё якчанд ҷинси барҷастаи нарина пайдо мешаванд”, дониста мешавад.

Ҷуръат ва шикасти вакилон

Баҳс дар порлумони Тоҷикистон миёни вакилон хеле кам иттифоқ меафтад ва он ҳам дар мавзӯъҳои ба истилоҳ “безарар” ваё ғайрисиёсӣ, аз ин рӯ, баҳс атрофи калимаи авлод ва зот таваҷҷӯҳи рӯзноманигоронро ҷалб кард. Бо вуҷуди баҳс назари вакилони баҳскунанда ба эътибор гирифта нашуд.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, таҳлилгари масоили ҳуқуқӣ, рӯзи 3-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, борҳо шоҳиди даъвати фаъол будани вакилон шудааст, вале ба ҷуз чанд вакил дигар ҳама хомӯширо ихтиёр мекунанд. Ӯ гуфт, “вакилон аслан дар мувофиқа барои ширкат дар интихобот роҳ меёбанд, забонкӯтоҳ ҳастанд ва ташаббусу ҷасорати баҳс дар мавзӯъҳои ҷиддиро надоранд. Дар асл порлумон бояд шохаҳои дигари ҳокимиятро таҳти назорат бигирад ва кори онҳоро баҳс кунад. Аммо чун порлумони мо ба Шӯъбаи ҳуқуқии дастгоҳи президент табдил ёфтааст, аз баррасии масъалаҳои мубрам ва муосир худдорӣ мекунад. ”

Ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, чун баҳсҳои ҷиддии сиёсӣ дар порлумон вуҷуд надошт, баҳси хурде сари ду калима рӯзноманигоронро ба худ ҷалб кард. Бидуни баррасӣ ва суолгузорӣ қабул шудани қонунҳои баҳсбарангези зиёд дар гузашта боиси дар забони матбуот пайдо шудани истилоҳи “порлумони хомӯш” шудааст, ки ишора ба ризоияти бечунучарои вакилон ба қабули қонунҳои барои ҳукумат муносиб шудааст.

Порлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст ва аксари онро ҳизби ҳокими ҳокими халқӣ-демократӣ дар ихтиёр дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG