Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зоти гов" ё "авлоди гов"? Баҳси доғ дар порлумони Тоҷикистон


Вакилони парлумони Тоҷикистонро ахиран мавзӯе ба баҳси гарм водор кард, ки дар гузашта назир надошт. Тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи зотпарварӣ” боиси эҷоди баҳси доғи забонӣ дар иҷлосияи рӯзи 13-уми декабр шудааст. Баҳс аз он ҷо шурӯъ шуд, ки Кумита оид ба масоили аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагон гуфт, ба қонун “Дар бораи зотпарварӣ” ба ҷои истилоҳи “зот” дар нисбати гову асп ва дигар ҷонвари шохдор бояд истилоҳи “авлод” кор бурда шавад.

Дар ҳоле, ки баҳси вакилони порлумон атрофи забони ин қонун доғ шудааст, масъулини Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон рӯзи 19-уми декабр омода нашуданд дар ин бора сӯҳбат кунанд.

Вакилони эътирозгар гуфтанд, ки корбурдаи истилоҳи авлод дар мавриди ҳайвонот дуруст нест, дар ҳоле, ки ҷонибдорони ин тағйирот ба мазмуни ин вожа аз назари мавриди истифодаи он пойфишорӣ кардад. Натиҷаи баҳс ин шуд, ки тарҳи қонун ҳарчанд ба тасвиб расид, вале ба хотири рӯшанӣ андохтан ба истилоҳи “авлод” ба баррасии Шӯрои маҷлиси намояндагон пешниҳод хоҳад шуд.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон рӯзи 19-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз нигоҳи арзиши фарҳангу забони тоҷикӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳайвон истилоҳи “авлод”-ро набояд нисбат дод.

Вай гуфт, сарфи назар аз ин, ки баъди баҳсҳо тарҳи қонуни “зотпарварӣ” бо “дигаргуниҳои номутаносиби забонӣ” қабул шуд, вале ӯ инро як хато мешуморад: “То ҷое мо медонем ва аз таърихи забону фарҳанги тоҷикӣ огоҳ ҳастем, калимаи “авлод” фақат ба инсон рабт мегирад ва ба гову асп ҳеҷ иртибот надорад ва бисёр хандаовар аст”.

Рустам Латифзода/
Рустам Латифзода/

Аммо Рустам Латифзода, раиси Кумита оид ба масъалаӣ аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат вакилони норозӣ ба ворид намудани истилоҳи “авлод” бар ивази “зот” зиёд баҳс карданд ва ҳанӯз ҳам ин баҳс идома дорад. Вале ба назари Рустам Латифзода, “зотӣ” неву “авлодӣ” гуфтани ҷонварони шохдор “аз нигоҳи илмӣ” дуруст аст

“Мо баъди он баҳс бо намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳшиносӣ ва Академияи кишоварзӣ ин масъаларо бори дигар баррасӣ кардем. Истифодаи калимаи “авлод”-ро дар қонунҳои дигар, ба мисли қонуни “Занбӯрпарварӣ” ва дигар қонунҳо вохӯрдан мумкин аст. Масалан, калимаи “модарзанбӯр” истифода шудааст, вале калимаи модар ба инсон рабт дода мешавад. Онҳое, ки мухолиф ҳастанд, ман намегӯям, ки аз забони соҳавӣ ва илмӣ бехабаранд, аммо паҳлӯҳои илмиро ҳам бояд ба инобат гиранд”.

Рустам Латифзода афзуд, ки дар забони илмии фанни биология ва зоология, истилоҳи "авлод" зиёд ба кор бурда мешавад ва ба обсабзаҳо то ҳашароту дигар навъи соҳаи кишоварзӣ калимаи "авлод" ва "оила"-ро мешавад вохӯрд. Ба гуфтаи ӯ, бар асоси ҳамин меъёрҳо дар тарҳи қонун калимаи “авлод” ба ҷои “зот” ворид шудааст.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили порлумон.
Абдуҳалим Ғаффоров, вакили порлумон.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили дигари Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ба ин тарҳ овоз надодааст ва мехоҳад ба ин масъала рушанӣ андохта шавад, то аз истифодаи калимаи "авлод" дар мавриди олами ҷонварон, худдорӣ карда шавад: “Ин масъала дар вақти қабули қонун ҷиддӣ мавриди баҳс қарор гирифт ва ҳатто фикри мутахассиси Кумитаи забон ба эътибор гирифта нашуд. Раиси Маҷлиси намояндагон машварат дод, ки қонунро қабул мекунем, вале масъалаи “авлод”-ро дубора бубинед ва фикри назари худро ироа кунад”.

Вакили дигари Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода мегӯяд, мо дар тааҷҷуб ҳастем, ки калимаи “авлод”-ро дар нисбати фарзанди одам ба забон мегиранд дар вақти баҳси ин масъала намояндаи Кумитаи забон ҳарчанд талош кард ва бо далелҳо фаҳмонида, ки аз нигоҳи таносуби забон ва баён ба ҷои "зот" истифода намудани калимаи "авлод" нодуруст аст, вале ба эътибор гирифта нашуд. “Ин хеле хандадор аст. Ман зери ин қонун имзо нагузоштам ва ҳоло бубинем, ки шояд ислоҳ шавад”, мегӯяд ҷаноби Салимзода.

Профессор Баҳриддин Камолиддинов, устоди Донишгоҳи милии Тоҷикистон.
Профессор Баҳриддин Камолиддинов, устоди Донишгоҳи милии Тоҷикистон.

Дар ҳоле, ки баҳси вакилони парлумон атрофи забони қонун доғ шудааст ва масъулини Кумитаи забон рӯзи 19-уми декабр омода нашуданд дар ин бора сӯҳбат кунанд, як забоншиноси маъруфи тоҷик гуфт, ҳар калима дар асли худ “чилучор паҳлӯ” ва мавқеи истифодаи вожаву калимаҳо ҳам мақоми худро дорад. Профессор Баҳриддин Камолиддинов, устоди риштаи забони Донишгоҳи милии Тоҷикистон дар робита ба ин баҳс дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи сешанбе гуфт, ба ҳеҷ ваҷҳ калимаи “авлод”, ки танҳо хоси одам аст, ба намояндаи олами ҷонварон набояд нисбат дода шавад:

“Ин ҳеҷ мумкин нест, чунки калимаи “зот” дар нисбати инсон ба маънои манфӣ истифода мешавад, яъне “бадзот”. Пас чӣ гуна “авлод”, ки ба маънои мусбат ва танҳо дар нисбати инсонҳо гуфта мешавад, ба ҷои “зот” истифода шавад? Калимаҳои “чорво”, “зот” аз қадимулайём дар забон буданд ва мавриди истифода қарор доштанд. Чаро бояд ҳоло авлод (дар робита бо ҷонварон) истифода шавад?” Машварати профессор Камолиддинов ин аст, ки порлумон дар ин масъала таҷдиди назар кунад.

Баҳси доғе дар парлумони Тоҷикистон, аз назари бархе нозирон, дар ҳолест, ки матбуот дар гузашта “хомӯш” будани порлумони кишварро дар робита бо масоили зиёди сиёсиву иҷтимоӣ зиёд интиқод кардааст. Бидуни баррасӣ ва суолгузорӣ қабул шудани қонунҳои баҳсбарангези зиёд дар гузашта боиси дар забони матбуот пайдо шудани истилоҳи “порлумони хомӯш” шудааст, ки ишора ба ризоияти бечунучарои вакилон ба қабули қонунҳои барои ҳукумат муносиб шудааст. Порлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст ва аксари онҳо аъзои ҳизби ҳокими ҳокими халқии демократӣ мебошанд.

XS
SM
MD
LG