Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар пойтахти Озарбойҷон 24 нафарро қурбон кард. ВИДЕО


Бар асари сӯҳтор дар Маркази эҳёгарии нашъамандон пойтахти Озарбойҷон - Боку, 24 нафар ҳалок шуд.

Вазорати тандурустии Озарбойҷон гуфт, ки се нафари дигар бо ҷароҳатҳои номушаххас ба бемористон интиқол ёфт. Мақомот теъдоди наҷотёфтаҳоро 34 нафар мегӯянд.

Дар бораи сабаби аслии сӯхтор калимаи мушаххасе истифода нашудааст, вале Додситонии кулл, вазорати беҳдошт ва Вазорати дохилӣ ҳодисаро дар изҳороти худ ,халал дар кори ноқилҳо, унвон карданд.

Ҳодиса субҳи барвақти рӯзи 2-юми март рух додааст. Вазорати ҳолатҳои изтирории Озарбойҷон мегӯяд, ки оташ хомуш карда шуд ва ҷузъиёти бештари ҳодиса дертар эълон мешавад. Мақомоти баландпоя, аз ҷумла вазири ҳолатҳои изтирорӣ Камолиддин Ҳайдаров, вазири корҳои дохилӣ Рамил Усубов ва ноиби нахуствазир Алӣ Ҳусейнов ба ҷойи ҳодиса рафтанд.

Сӯхтор дар диспансери мӯътодони маводи мухаддир ҷони даҳҳо нафарро гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

XS
SM
MD
LG