Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Алло, Душанбе" Садои узбекистониҳо дар Радиои "Имрӯз". ВИДЕО


Саидэҳсони Ҷалолиён, сармуҳаррири барномаҳои Радиои "Имрӯз"
Саидэҳсони Ҷалолиён, сармуҳаррири барномаҳои Радиои "Имрӯз"

Дар пайи тақвияти фиристандаҳо ва рушди ҳамкорӣ миёни Тошканду Душанбе иштироки сокинони Узбекистон дар барномаҳои радиои мустақили “Имрӯз” афзудааст. Зангҳои телефонӣ аз он тарафи марз бештар ба зарурати густариши муносибатҳо таъкид мекунанд.

Сокинони Узбекистон аз "Имрӯз" чӣ мехоҳанд?

Агар дар фикри амнияти иттилооти кишвар ҳастем, давлати Тоҷикистонро зарур аст, барои зиёд шудани шабакаҳои радио ва телевизионӣ дар қад-қади марз кумак кунад

Саидэҳсони Ҷалолиён, сармуҳаррири барномаҳои Радиои “Имрӯз”, 28-уми феврал гуфт, “як нафар занг зад ва хоҳиш кард, чаро дар бораи робитаҳои миёни Тоҷикистон ва Узбекистон барнома намекунед? Махсусан, вақте дар робита ба масъалаи забонӣ сӯҳбат мекунем, онҳо тамос мегиранд. Мегӯянд, ки аз ҳоли мардуми Тоҷикистон огоҳ мешаванд. Ин гуна дархостҳо бештар мешавад, аз ҷониби шаҳрвандони Узбекистон”.

Ба қавли Саидэҳсони Ҷалолиён, сокинони манотиқи марзии Узбекистон ҳангоми муроҷиат мехоҳанд, дар бораи муштаракоти таърихиву фарҳангӣ барномаҳо таҳия гардад ва ҳамчунин суруду мусиқиҳои тоҷикӣ пахш гардад.

​Ду рӯзи пеш Абдуҳомид Ғафурзода, як сокини ҷумҳурии Узбекистон дар тамоси телефониаш гуфтааст, мардуми Сурхондарё аз тамошои телевизион ва шунидани радиои тоҷик шод мешаванд.

Сокинони Афғонистону Узбекистон аз "Имрӯз"-и чӣ мехоҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

"Барои бештар шудани шабакаҳо дар қад-қади марз кумак кунанд"

Ин таҳаввул дар ҳолест, ки созмонҳои ҳомии матбуот солиёни зиёд аст, аз нуфузи расонаҳои телевизиониву радиоии кишварҳои ҳамсоя ба деҳоти марзии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Бахусус дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Узбекистон дар ҳудудҳои вилояти Суғд дастрасии сокинон давоми солҳои 2000-ум ба шабакаҳои тоҷикӣ маҳдуд ва ба телевизионҳои узбакӣ осон буд.

Таҳлилгарону коршиносон аз васеъ шудани доираи пахши барномаҳои радиоии Тоҷикистон тавсиф мекунанд ва мегӯянд, истифода аз басомадҳо дар хатти марз ба нафъи кишвар аст. Аммо Шаҳлои Акобир, раҳбари созмони “Хома”, аз он изҳори таассуф кард, ки бо вуҷуди пешравиҳо ҳанӯз ҳам шумораи радио ва телевизион дар марзи Тоҷикистон хеле кам аст.

Шаҳлои Акобир
Шаҳлои Акобир

“Агар дар фикри амнияти кишвар ҳастем, давлати Тоҷикистонро зарур аст, як барномаи дақиқе дошта бошад, то барои афзоиш ё зиёд шудани шумораи шабакаҳои радио ва телевизионӣ, новобаста аз шакли моликияташ, дар қад-қади марз кумак кунад”, - афзуд ӯ. Шаҳлои Акобир мегӯяд, хуб мешуд, ин шабакаҳо хусусӣ бошанд, то бозори солиму созгоре бунёд кунанд ва ҳатто даромад ба даст оранд.

Тибқи иттилои расмӣ дар қаламрави Тоҷикистон 20 шабакаи радиоӣ фаъол аст, ки аз он 4-то байналмилалӣ ва бақия маҳаллӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG