Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чаро Тоҷиктелеком аз ширкатҳои дигар боло бошад"?


Ғафур Иркаев

Чаҳор ширкати мобилӣ бори дигар аз Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон пурсидаанд, ки бар асоси кадом қонун "Тоҷиктелеком" - як ширкати мутааллиқ ба Хадамоти алоқа - бояд таъминкунандаи ягонаи Интернет дар кишвар бошад?​

Оё Хадамот шартномаҳои миёни ширкатҳои мобилӣ бо “Тоҷиктелеком”-ро бар асоси қонун дуруст мешуморад? Чӣ гуна як ширкат метавонад аз ширкатҳои дигар дар мақоми боло қарор бигирад?

Тайи тақрибан се моҳи охир ин номаи дувуми ширкатҳои Тселл, Билайн, Бабилон ва Мегафон ба Хадамоти зиддинҳисорӣ дар ин бора аст. Номаи аввал моҳи январ навишта шуда, посухаш чанде пеш дастрас гардид. Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯшан набуд ва аз ин рӯ дубора хостаанд, ба суоли онҳо дақиқ ҷавоб бигӯянд.

Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Як нусхаи ин нома рӯзи 28-уми феврал дастраси Радиои Озодӣ шуд. Дар он номаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфта нашудааст, ки оё чунин кори ширкати “Тоҷиктелеком” қонунист ё хайр. Аммо гуфта шудааст, ин ширкат дар феҳристи монополияи табиӣ қарор дорад.

“То ба имрӯз аз ҷониби ҶСК “Тоҷиктелеком” вобаста ба мувофиқаи гузариши трафикҳои воридотиву содиротии хидматрасонии Интернет тавассути Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ ва оид ба масъалаи харидории трафики интернет берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва фурӯши он ба операторони мобилӣ муроҷиат нашудааст”, - омадааст дар нома.

Намояндаи яке аз ширкатҳои мобилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин ба маъноест, ки трафики интернет, ки аз тарафи филиали "Тоҷиктелеком" ба ширкатхо маҷбуран фурӯхта мешавад, бинобар мувофиқа нашуданаш, ғайриқонунӣ аст."

Ғафур Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи 28-уми феврал ба Радиои Озодӣ низ гуфт, “Тоҷиктелеком” ҳамчун ширкати мобилӣ чӣ гуна метавонад мисли монополисти яккатоз шартҳои худро ба ширкатҳои дигари мобилӣ ва интернетрасон таҳмил кунад ва боз интернетро тақсим намояд. Ӯ гуфт, Хадамоти зиддиинҳисорӣ бояд нархҳоро мушаххас намояд.

“Оё Хадамот шартномаҳои миёни ширкатҳои мобилӣ бо “Тоҷиктелеком”-ро бар асоси қонун дуруст мешуморад? Чӣ гуна як ширкат метавонад аз ширкатҳои дигар дар мақоми боло қарор бигирад? Мо мунтазири посух ба ин суолҳо аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳастем”, - мегӯяд Иркаев.

Дар миёнаҳои моҳи январи соли ҷорӣ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мухобиротӣ дастур дод, ки интернетро танҳо аз “Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот” -- як созмони марбут ба “Тоҷиктелеком”, харидорӣ намоянд. "Тоҷиктелеком" дар навбати худ ширкати зертобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.

Як сармутахассиси Хадамоти алоқа моҳи январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, дарёфти интернет танҳо аз "Тоҷиктелеком" ба хотири таъмини амният аст.

Мақомот дар Тоҷикистон соли 2016 дар назди “Тоҷиктелеком” Маркази ягонаи коммутатсиониро низ ба роҳ монданд, ки омаду рафтаи зангҳои мобилиро танҳо аз як мурӣ танзим мекунад. Ин марказ бо арзиши 50 миллион доллар бунёд шуд ва он замон ҳам мақомот гуфтанд, ҳадаф кӯмак дар таъмини амнияти миллӣ дар амри мубориза бо терроризму экстремизм аст.

Хадамоти алоқа дар чанд соли ахир бо чандин тасмими баҳсбарангези худ шароити дастрасӣ ба мухобиротро тағйир дод. Соли 2017 муҷаввизи почтаҳои зудраси байналмилалие ба мисли DHL-ро масдуд кард ва арзиши гуфтугӯи байналмилалиро боло бурд. Бо дастури ин ниҳод сӯҳбатҳои телефонӣ аз тариқи системаи NGN низ маҳдуд шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG