Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти "Нусрат" алайҳи ДИИШ ва "Толибон" дар вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон


Артиши Афғонистон мегӯяд, ки ба ҳадафи зарба задан ба "Толибон" ва гурӯҳи "Давлати исломӣ", амалиёти густурдаеро дар вилоятҳои шимолии Афғонистон оғоз мекунад. Мақомоти дивизияи низомии "Шоҳин" гуфтаанд, ки ҳоло омодагиҳо барои ин амалиёт дар қисмати шимол ва шимол-шарқи Афғонистон ҷараён дорад.

Аз нӯҳ вилояте, ки ин амалиёт роҳандозӣ мешавад, 3-тои он -- Кундуз, Тахор ва Бадахшон бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд. Нӯҳ вилояти воқеъ дар шимоли Афғонистон -- Бадахшон, Бағлон, Кундуз, Тахор, Балх, Форёб, Ҷузҷон, Самангон ва Сарипул мебошанд.

Вилоятҳои шимолии Афғонистон ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Миёна, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо буда, даргириҳои сахт миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон сурат гирифтааст.

Одамхон Матин, раиси дивизияи 209-и Шоҳин дар шимоли Афғонистон имрӯз, сешанбеи 27-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо амалиёти баҳории "Нусрат"-ро барномарезӣ кардаанд, ки дар 9 вилояти шимол то як моҳи дигар оғоз хоҳад шуд. Вай гуфтааст, ки амалиёт ба ҳадафи маҳви лонаҳо ва пойгоҳҳои амни террористон барномарезӣ шудааст.

Оқои Матин гуфт, "мо омодагиҳои лозимро барои аз байн бурдани паноҳгоҳҳои террористон дорем. Амалиёти густурдаи "Нусрат" то як моҳи дигар оғоз мешавад, ки ҳар ду гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва Толибонро дар шимоли Афғонистон саркӯб хоҳад кард."

Ин масъули низомии афғон гуфт, барои пешгирӣ аз фаъолиятҳои ин гурӯҳҳо дар фасли баҳор омодагиҳои лозимро рӯи даст гирифтаанд ва ҳама нуқтаҳое, ки Толибон ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" мехоҳанд дар он фаъолиятҳои вайронкорона анҷом диҳанд, зери пӯшиши нерӯҳои артиши миллии Афғонистон қарор дорад.

Одамхон Матин афзуд, ки барои саркӯби мухолифон аз ҳавопаймоҳои "Блейк Ҳавк" истифода хоҳад шуд: "Аз ҳавопаймоҳои Блейк Ҳавк, ки қарор аст дар ихтиёри мо қарор гирад, барои саркӯби душман ва аз байн бурдани паноҳгоҳҳои онҳо истифода мекунем. Бештар нерӯҳои ҳавоӣ дар ин амалиёт саҳм хоҳанд дошт."

​Ба гуфтаи масъулони артиши Афғонистон, дар амалиётҳои ҳавоӣ дар шимоли Афғонистон аз ҳавопаймоҳои ҷангии M-29 истифода мешавад. Масъулони дивизияи 209-и Шоҳин мегӯянд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шимоли Афғонистон фаъолият доранд, аммо дар баҳори пешрӯ дар ҷараёни амалиёти "Нусрат" ҳама паноҳгоҳҳои амни онҳо бомбаборон хоҳанд шуд.

Бо фаро расидани фасли баҳор фаъолиятҳои ҷангии гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Афғонистон афзоиш меёбад ва ниҳодҳои амниятии афғон низ барои дафъи фаъолиятҳои вайронкоронаи террористон аз ҳолати дифоӣ берун омада ва ҳолати ҳуҷумӣ ба худ гирифтаанд.

Дар ҳоли ҳозир амалиётҳои "Албурз" ва "Помир" аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон дар вилоятҳои Балх, Ҷузҷон, Форёб ва Бағлон ба ҳадафи аз байн бурдани пойгоҳҳои "Толибон" ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" идома доранд.

Вилоятҳои шимолии Афғонистон ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо буда ва даргириҳои сахт миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон сурат гирифтааст.

Дар гузашта чанде аз ҷангиёни тоҷик дар ин минтақа аз сӯи нерӯҳои афғон боздошт шуда буданд, вале маълум нашуд, ки онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон таслим шуданд ва ё дубора раҳо гаштанд. Мақомоти кишварҳои Осиёи Миёна борҳо аз вуҷуди ҷангиёни ин кишварҳо дар сафҳои Толибон ва ДИИШ, нигаронӣ карда буданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG