Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Шридевӣ- абарситораи Осиёи Ҷанубӣ


Шридевӣ
Шридевӣ

Шридевӣ, яке аз ҳунарпешагони маъруфи Ҳинд дар натиҷаи бемории қалб даргузашт. Ӯ ки дар 300 филм нақш офаридааст ва дар аҳди шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳам шинохта буд, дар шаҳри Дубай ҳангоми меҳмонӣ дар як ҷашни арӯсӣ фавтидааст.

Дар ин ҷашн ӯро ҳамсараш Бонӣ Капур ва духтараш Хушӣ ҳамроҳӣ мекардаанд. Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд ба хешовандони ӯ тассалият гуфтааст. Шридевӣ, ки 54 сол дошт, аз хурдсолӣ ба саҳна қадам гузошта ва соҳиби ҷоизаҳои зиёде дар Болливуд шудааст.

Нақши ӯ дар филми Mr. India дар соли 1987 ба Шридевӣ маҳбубияти зиёд овард ва дар сол ҳамчун “абарситора”-и Осиёи Ҷанубӣ шинохта шуд.

XS
SM
MD
LG