Пайвандҳои дастрасӣ

“Гуфтанд, ки духтар таваллуд шуд, аммо ҷасади писарро доданд” ВИДЕО


Хонаводаи Шералӣ Ғуломов

Тақдири як хонавода дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон баъд аз таваллуди кӯдакашон пурмоҷаро шуд. Ба иддаои Шералӣ Ғуломов, сокини деҳаи Узнохури ноҳияи Балҷувон, рӯзи 9-уми феврали имсол соҳиби духтар шуданд, вале пизишкон баъди панҷ рӯз ҷасади писареро ба онҳо супурданд.

Мақомот мегӯянд, аз ҳазор кӯдаки то яксола 17 нафар мефавтад.

Табибон гуфтанд, ин кӯдак, ки тақрибан шашмоҳа ва бо 600 грамм вазн ба дунё омад, умри дарозе надид. Вале онҳо ҳамагуна хабар дар бораи гӯиё таваллуди духтар дар хонаводаи Шералӣ Ғуломовро рад мекунанд.

  • Ин оила аз Балҷувон бо посухи пизишкон қонеъ нест ва мехоҳад аз рӯи аъмоли онҳо ба Додситонии Кӯлоб шикоят бурда, гиреҳҳои қазияи тифлашонро боз кунанд. Шералӣ Ғуломов мегӯяд, ба ин суол посух гирифтанист, ки, воқеан, тифли навзод духтар буд ё писар? Ваё тифл зинда асту барояшон иштибоҳӣ кӯдаки дигареро додаанд?

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

“Гуфтанд, ки духтар таваллуд шуд, аммо ҷасади писарро доданд"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:00 0:00

"Модарам баробари дидани ҷасад ҳайрон шуд"

Тибқи ҳуҷҷатҳои пизишкон, ҳамсари Шералӣ Ғуломов дар 27-умин ҳафтаи ҳомилагиаш ҷарроҳӣ шуда, тифл ба дунё овардааст. Ӯ рӯзи 20-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҷарроҳӣ карданд ва ман дар поён мунтазир будам. Хоҳарам дар наздаш буд. Ба ман гуфтанд, ки биё, ҳамсарат духтар ба дунё овард. Гуфтанд, шашмоҳа таваллуд ва 600 грамм вазн дорад.”

Рӯзи 14-уми феврал пизишкон ба Шералӣ хабар доданд, ки тифлаш фавтидааст. “Кӯдакро дар латта печонда ба дасти мо супурданд. Мо ҳам дигар онро кушода надидем ва ба хона бурдем. Модарам баъди боз кардани латта ҳайрон шуд ва гуфт, ин духтар нест, ин писар аст.”

Гулдаста Ғуломова
Гулдаста Ғуломова

Натанҳо Шералӣ, балки аъзои дигари хонавода низ мегӯянд, аз пизишкон дар бораи таваллуди духтарчааш шунидаанд. Гулдаста Ғуломова, хоҳари Шералӣ Ғуломов, гуфт, баъди як рӯзи таваллуд ба хабаргирии янгааш рафт ва дар бораи таваллуди тифл аз пизишкон пурсид.

"Гуфтанд, ки духтар аст"

Ӯ гуфт, «дидам, ки ҳамонҷо ду ҳамшираи шафқат нишастаанд. Пурсидам, ҳамон гулаке, ки мегӯянд аз Балҷувон аст, куҷост. Гуфтанд, дар латта печондагӣ аст. Нишон доданд. Пурсидам, ки писар аст ё духтар, ба ман гуфтанд, духтар аст.»

Гулдаста мегӯяд, баъди онки ҷасадро диданду ӯ писар буд, ба бародараш пешниҳод кард, тифлро нагӯронда, даъво пеш биоранд. «Аммо ба сабаби дурии роҳ ва сардии ҳаво тифлро дар деҳа дафн карданд», - гуфт ӯ.

"Шояд ин хабарро аз фаррош шунидаанд"

Маҳтобӣ Сангова
Маҳтобӣ Сангова

Маҳтобӣ Сангова, пизишкест, ки ин тифлро аз роҳи ҷарроҳӣ аз батни модар гирифтааст. Ӯ рӯзи 20-уми феврал гуфт, кӯдак дар ҳолати хеле вазнин ба дунё омад ва нигоҳубини махсусро талаб мекард. Ӯ гуфт, «ҳамин қадар рӯзе, ки дар шуъбаи навзодон буд, касе дар бораи кӯдак аз ман чизе напурсидааст. Ягон кас аз ҳолати кӯдак аз ман суоле накардааст. Мумкин аст, аз ягон фаррош шунидаанд, ки духтар аст. Намедонам аз куҷо гирифтаанд ин гапро.»

Ин исрори табиб, ба назар мерасад барои падари тифл, посухи қонеъкунанда нест. Чунки ӯ ба ин бовар аст, ки тифли бегонаро дафн кардааст. Шералӣ Ғуломов мегӯяд, «ҳозир хиҷолат мекашам, ки натавонистам кӯдакро муҳофизат кунам. Хайр, дар дасти касе ҳам бошад, зинда бошад. Ҳамин, ки бифаҳмам зинда аст, кофист.»

"Аз ҳазор кӯдаки то яксола 17 нафар мефавтад"

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз ҳазор кӯдаки то яксола 17 нафари онҳо мефавтанд. Ин рақам дар муқоиса ба омори даҳ соли пеш 2,7 дарсад камтар будааст.

Сабабҳои марги навзодон “пурра инкишоф наёфтани шуш ва ҷигари тифл” будааст, ки баъди таваллуд наметавонад нафас бигирад ва ба ҳавои берун аз батни модар мутобиқ шаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG