Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон ба сафари Қазоқистон омодагӣ мебинад


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар як сӯҳбати телефонӣ сафари расмии худ ба ин кишварро баррасӣ кардааст. Дар ин бора рӯзи 19 феврал вебсайти президенти Тоҷикистон хабар дод. Дар хабар гуфта мешавад, ки рӯзи душанбе президентони ду кишвар мавзӯи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам «дурнамои рушди онҳоро дар асоси шарикии стратегӣ” баррасӣ карданд.

Санаи дақиқи сафари президент ба Қазоқистон нашр намешавад.

Вале хабаргузории "Азия-Плюс" менависад, ки ин сафар қарор аст рӯзи 14 март сурат гирад ва рӯзи баъдаш - 15 март дар Остона нахустин ҷаласаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Ин нишаст бо ташаббуси президентони Қазоқистон ва Узбакистон - Нурсултон Назарбоев ва Шавкат Мирзиёев даъват мешавад, ки ҳадафаш ҳамгироии бештари байни кишварҳои минтақа мебошад.

Бори охир президент Раҳмон моҳи июн дар Остона, пойтахти Қазоқистон буд ва дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок кард.

XS
SM
MD
LG