Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон як ҳавопаймои мусофирбар суқут кардааст


Тамоми 66 сарнишини ҳавопаймои мусофирбари Эрон дар натиҷаи суқути ин ҳавопаймо дар як минтақаи кӯҳистонии вилояти Исфаҳон ҳалок шудаанд.

Ҳавопаймо рӯзи 18-уми феврал ҳангоми парвоз аз Теҳрон ба шаҳри шимолуғарбии Ясуҷ дар кӯҳҳои Загрос суқут кардааст. Ҳавопаймои ATR 72 ба ширкати эронии Осмон Эйрлайнз тааллуқ дошт. Тақӣ Таботабоӣ, сухангӯи ширкат гуфт, ки ҳавопаймо дар қуллаи Дино дар баландии 440 метр афтодааст ва тамоми мусофирону халабонҳо кушта шудаанд.

Вале ӯ баъдан ба хабаргузории ИСНА гуфт, ки “Мо ҳанӯз ба маҳалли суқут дастрасӣ надорем ва наметавонем, марги тамоми мусофирони ҳавопайморо таъйид кунем.”

Ҳавопаймо 60 мусофир ва 6 халабон дошт. Сабаби фалокат маълум нест. Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфт, ки 12 гурӯҳи наҷотбахшро ба маҳалли суқути ҳавопаймо фиристодааст. Ба гуфтаи телевизиони давлатии Эрон ҳавои номусоид нагузоштааст, ки чархболи наҷот ба маҳалли ҳодиса бирасад.

Видеоҳои охирин

Шумори донишҷӯёни узбек дар донишгоҳҳои Тоҷикистон якбора афзоиш ёфт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:06 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG