Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин ронандаи зан дар Тоҷикистон эълон мешавад


Шарифамо Алиева, ронандаи автобус аст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи оянда дар байни ронандагони зан як озмун баргузор мекунад.

Озмун рӯзи 3-уми март дар шаҳри Душанбе сурат мегирад ва доварон ба зане, ки мошинашро аз ҳама беҳтар ороиш додааст, қоидаҳои ҳаракати роҳро хуб медонад ва дар расонидани ёрии аввалини тиббӣ маҳорат дорад, ҷоизаи “Авто-бону-2018”- ро тақдим мекунанд. Тамоми заноне, ки ронандагиро медонанд, ҳаққи ширкат дар озмун доранд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз баргузории озмун, боло бурдани мавқеи зан дар ҷомеа ва нишон додани маҳорату малакаи занони тоҷик аст. Вазорат дар вебсайташ хабар дод, ки озмун бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Видеоҳои охирин

Шумори донишҷӯёни узбек дар донишгоҳҳои Тоҷикистон якбора афзоиш ёфт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:06 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG