Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти “ғофилгирона” дар Кумитаи андоз ва гумруки Узбекистон


Бинои Кумитаи андози Узбакистон
Бинои Кумитаи андози Узбакистон

Мақомоти Додситонии кулли Узбекистон ба тафтиши ногаҳонии Кумитаи андоз ва гумруки он кишвар шурӯъ кардаанд.

Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми феврал гуфтанд, ки муфаттишони Додситонии кулл нозирони ин ду кумитаро бозпурсӣ карда, аз онҳо баёнот мегиранд. “Инчунин, ба баъзе санадҳо муҳр зада мешавад”, - афзуданд онҳо.

Ба қавли як манбаи Радиои Озодӣ дар Вазорати умури дохилии Узбекистон, дар ҳоли ҳозир бинои Кумитаи андоз таҳти назорати ҷиддист. Дар атрофи бинои кумита мошинҳои сабукрав ва инчунин мошинҳои махсусе истодаанд, ки барои бурдани сарбозон истифода мешаванд.

Хабарнигор Сергей Ежков бо такя ба қавли манобеаш гуфт, баъди онки Рустам Иноятов, раиси собиқи Хадамоти амнияти миллии Узбекистон рӯзи 31-уми январи имсол аз мақом канор рафт, ба сари қудои ӯ Ботир Парпиев, раиси Кумитаи андоз абри сиёҳ омад. Як мақоми Додситонӣ ҳам гуфт, генерал Парпиев чанд рӯз боз дар бемористон аст ва дар онҷо дорву дармон мегирад.

Моҳи декабри соли гузашта бахши узбакии Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Ботир Парпиев моҳи октябр аризаи истеъфои худро навиштааст.

Генерал Ботир Парпиев, раиси Кумитаи андози Узбакистон
Генерал Ботир Парпиев, раиси Кумитаи андози Узбакистон

Ин тафтишот дар ҳоле оғоз шуд, ки ба қавли манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ, ҳафтаи гузашта ходимони Додситонии кулл ва Палатаи ҳисоб дар кори Кумитаи андоз 70 миллиард сум камомадро ошкор кардаанд.

Вебсайти “Узметроном” бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки дар аввал тафтишотро 20 нафар пеш мебурданд ва ҳоло сафи онҳо то 65 нафар афзудааст. Ин вебсайт навишт, ҳадаф аз тафтишоти густурда дар Кумитаи андоз ва гумрук ифшои ҷиноят ва схемаҳои коррупсионӣ будааст.

Қарор аст, ин аамлиёт то 15-уми апрели имсол идома карда, аз натиҷааш ба раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев ҳисобот хоҳанд дод.

Тахмин зада мешавад, дар натиҷаи тафтишоти Кумитаи андоз сафи коргарони он ба маротиб кам карда хоҳад шуд. Моҳи августи соли гузашта низ ҳазорҳо корманди андоз аз мақомҳои худ озод шуданд.

Ба ин монанд тафтишот дар Кумитаи гумруки Узбекистон ҳам ҷараён дорад. Афроди огоҳ мегӯянд, эҳтимол ин ду кумита ба мисли Ҷопон ба ихтиёри Вазорати молияи Узбекистон гузарад. Барои ҳамин, аксари онҳое, ки солҳои тӯлонӣ дар ин кумитаҳо кор мекарданд, бо хоҳиши худ ба нафақа мебароянд. То кунун тақрибан 300 нафар ба ин мазмун ариза навиштаанд.

XS
SM
MD
LG