Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муфаттиши парвандаи Абдуллоев дар Узбекистон


Нодирбек Тӯрақулов
Нодирбек Тӯрақулов

Муфаттиши калони Хадамоти амнияти миллии Узбекистон Нодирбек Тӯрақулов, ки ба таҳқиқи парвандаи рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев машғул буд, боздошт шуд. Бобомурод Абдуллоевро дар “талоши табаддулоти давлатӣ” айбдор мекунанд.

Ба ҷуз аз Тӯрақулов роҳбари гуруҳи тафтишотии Хадамоти амнияти миллӣ Александр Веселов ҳам аз кор барканор шудааст. Дар ин бора ҳомии ҳуқуқи узбак Сурат Икромов рӯзи 9-уми феврал аз шаҳри Тошканд хабар дод.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи узбак, ду афсари мақомоти махсус “ба далели боздошти ғайриқонунии гумонбарон, шиканҷаи онҳо ва сохтакории парванда” нисбат ба рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев аз кор барканор шудаанд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар як мулоқот бо фаъолони вилояти Сурхондарё дар охирҳои моҳи январи имсол аз фаъолияти кормандони Хадамоти амнияти миллӣ ба шиддат интиқод кард.

Баъди он, Рустам Иноятов, раиси Хадамоти амнияти миллии Узбекистон, аз мақомаш барканор шуд.

XS
SM
MD
LG