Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нодираи Маҳмадисо дар 31-солагӣ раиси Тоҷикобод шуд. ВИДЕО, САДО


Нодираи Маҳмадисо, раиси ноҳияи Тоҷикобод, дар 31-солагӣ ба ин мақом расид. Ӯро соли гузашта, ки аз тарафи ҳукумат соли ҷавонон эълон шуда буд, ба ин мансаб таъйин кардаанд.

"Ҳеч "тағо" надоштам"

Мақомот мегӯянд, соли гузашта тақрибан 8 ҳазор ҷавон ба хидмати давлатӣ ҷалб шуданд, ки аз онҳо ҳудуди шаш ҳазорашон мансабҳои раҳбарикунанда доранд.

Нодира хатмкардаи факулатаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Вай то расидан ба мақоми раиси ноҳияи Тоҷикобод, ба ҳайси муттахассиси пешбар, ва мудири бахши кор бо занон ва муовини раиси ноҳия кор кардааст. Ҳоло Нодираи Маҳмадисо яке аз ноҳияи муҳимро дар шарқи кишвар таҳти назорат дорад. Нодираи Маҳмадисо аз ҷумлаи шаш ҳазор ҷавонест, ки ба гуфтаи мақомот дар соли ҷавонон соҳиби курсии раҳбарӣ шуданд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:04:58 0:00
Линки мустақим

Нодираи Маҳмадисо
Нодираи Маҳмадисо

Ба мансаби раиси ноҳия таъйин шудани ин духтари ҷавонро шояд бисёриҳо барои шаҳрвандони маъмулӣ, ки на пул доранд ва на пуштибон имконнопазир мешуморанд. Аммо Нодира рӯзи 12-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то расидан ба ин зина меҳнати ҳалол ва ҳунару тавонаш ба ӯ кумак кардаанд. “Ман донишгоҳро тариқи квотаи президентӣ хатм кардам. Вақте ба зодгоҳ баргаштам, касе барои ман “тағо” набуд. Фикр мекунам, агар инсон дар куҷое ҳаст, меҳнати ҳалол кунад, ҳатман қадрдонӣ мешавад,” – нақл кард ӯ.

Тақрибан 6 ҳазор ҷавони соҳибмансаб

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар як соли ахир ҳудуди 8 ҳазор ҷавон ба хидмати давлатӣ ҷалб шуданд, ки аз онҳо ҳудуди шаш ҳазорашон мансабҳои раҳбарикунанда доранд. Ин рақам 24 дарсади қадрҳои раҳбарикунанда дар сартосари кишварро ташкил медиҳад.

Назари сокинон дар бораи раҳбарони ҷавон:

"То пушту паноҳ набошад, соҳиби кор шудани ҷавонон мушкил аст"
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:18 0:00

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, рӯзи 12-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, аксари ҷавонон ба симати муовинони раиси кумитаву идораҳо, сардорони шуъбаву раёсатҳо ва ҳатто раисони ноҳияҳо дар Тоҷикистон таъин шудаанд. Агар донистани забонҳои хориҷӣ, фанновариҳои муосир ва дониши хуби сиёсӣ аз авлавиятҳо гуфта мешавад, таҳсил дар донишкадаи хидмати давлатӣ имкон медиҳад, дари карйераи сиёсии ҷавонон боз шавад.

"Вазорату идораҳо муваззаф ҳастанд, ки..."

Аҳтам Абдуллозода
Аҳтам Абдуллозода

“Қабл аз баргузории давраҳои бозомӯзӣ, шартномаи сеҷонибаи корманд, коргоҳ ва донишкада имзо мешавад, ки баъди хатми курс вазорату идораҳо вазифадор ҳастанд ин ҷавонро ба мансаби баландтар таъин кунанд,” - афзуд Абдуллозода.

Шеваи интихоби ҷавонҳои болаёқат ва забондон дар як соли ахир даҳҳо ҷавонро, ки донишманду соҳибтахассус ҳастанд, барои кор дар идораҳои давлатӣ дилгарм кардааст. Шабнам Раҳимоваи 26-сола ҳоло сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аст. Ӯ мегӯяд, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро бо ихтисоси дипломат хатм кард ва донандаи чанд забони хориҷист: “Баъд аз хатми донишгоҳи курси зан-роҳбарро дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ гузаштам. Боз қариб ҳар рӯз дар кумита чорабиниҳое мегузаронем, дар онҷо раҳбарон ба мо дарс мегӯянд. Дар як ҳафта як дафъа хониши идоравӣ ҳам роҳандозӣ шудааст, ки онҷо ба кадрҳои ҷавон раҳбарони идораҳо дарс мегӯянд”.

Ҷавонони "худӣ" ва "бегона"?

Бо вуҷуди он ки бархе аз ҷавонон мегӯянд, соли ҷавонон гурӯҳе аз ҳамсолони онҳоро то ба маснадҳои раҳбарӣ расонд, дар миёни онҳо ҳама ҳисобшуда ва афроде ҳастанд, ки бесабаб ва ё танҳо ба хотири ҳунару дониш наомадаанд. Саидакбар Ниёзов, як ҷавони дигар гуфт, бовар дорад, дар миёни кадрҳои ҷавон ҳам “худиҳову бегона” вуҷуд дорад. Ин ҷавон гуфт, зери шиори “ҷавонгароӣ” мақомот боз ҳам наздикони худро ба мақому курсиҳо ҷой мекунанд ва фарзанди деҳқон аз ин барномаҳо бенасиб мемонад.

"Таъйинот тасодуфӣ нест"

Зариф Мирдадо
Зариф Мирдадо

Аммо Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт, ки то расидан ба ин мансаб чанд сол раҳбарии бахши ҷавонон дар вилояти Суғдро бар дӯш дошт, мегӯяд, таъйини ин ё он нафар ба вазифаи давлатӣ ҳеч гоҳ тасодуфӣ нест. Зеро, ба гуфтаи ӯ нафаре, ки ба ин ё он мансаб таъйин мешавад, бояд тавони анҷоми вазифаҳои дар наздашбударо дошта бошад ва масъулияти онро дарк кунад.

"Мунтазири соли ҷавонон набошанд"

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, бо ин вуҷуд, дар интихоби кадрҳо дар сохторҳои ҳукуматӣ мушкилоте мисли маҳалгароиву хешутаборчигӣ ва вуҷуди таҷрибаи интихоби ношаффоф мушоҳида мешавад ва роҳ ёфтани ҷавонони босалиқаву арзанда ва “бе пушту паноҳ” ба ин сохторҳо амри мушкил аст. Аммо дар маҷмӯъ, ба ақидаи аксарият, бо омадани насли ҷавон бо ғояву нерӯи тоза сари мансаб дар сохторҳои ҳукуматӣ, метавон ислоҳоти зиёд, навсозиҳову таҳаввулоти фаровонро интизор шуд.

Алишер Зарифӣ
Алишер Зарифӣ

Алишер Зарифӣ, хабарнигори тоҷик, мегуяд бо вуҷуди он ки омори пешниҳодкардаи кумита вазъи ҷалби ҷавонон ба мақомҳои раҳбарикунандаро бозгӯ мекунад, дар масъалаи таъйини ин ё он кадр вуҷуди адолату шаффофият суолбарангез аст. Вай пешинҳод дорад, беҳтар буд мақомоти кишвар ки 70 дарсади ҷомеаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд, бо "Соли чавонон" маҳдуд намешуданд. "Балки ҳамасола кумита ва дигар ниҳодҳои дахлдор барои ҷалби ҷавонон ба мақомҳои раҳбарикунанда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд”, - афзуд ӯ.

Интизориҳо аз кадрҳои ҷавон

Дар гузашта президенти Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоташ бо сокинони кишвар борҳо ҷавонҳои фаъол ва аз назари ӯ болаёқатро аз миёни издиҳоми мардум шинохта, дар шурӯи карераи онҳо дар ҳукумат сабаб шудааст. Бо он ки ин интихобҳо хусусияти фардиву ҷудогона дорад, аммо коршиносон мегӯянд, вазъи маъмулии қабул ба кор дар сохторҳои давлатӣ ҳоло тағйир кардааст. Ва ҳоло ҳукумат мехоҳад бо ҷалби ҷавонони босаводу донандаи забонҳои хориҷӣ ва эҷодкору ташаббускор барои касби мақом дар курсиҳои муҳими давлатӣ шонс диҳад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG