Пайвандҳои дастрасӣ

Зиндагии мансабдорони собиқ. Баъд аз султонӣ – бонкдорӣ?


Акс аз бойгонӣ

Ширкатҳо ва бонкҳои хусусӣ дар Тоҷикистон яке пайи дигар мансабдоронеро, ки аз мақом барканор шудаанд, ба кор мегиранд. Баръакси як идда мансабдорон дар Тоҷикистон, ки бо аз даст рафтани курсӣ афсурдаву ғамгин ва ҳатто бемор мешаванд, онҳоро дар бахши хусусӣ карйераи хубе мунтазир аст.

Шахсан хабари барканориамро ба оромӣ қабул кардам. Чунки бояд дарк кунем, замоне мо ҳам ҷои як мансабдори куҳансолро гирифта будем. Акнун ба ҷавонон бояд роҳ кушоем.

Ба мисли Наим Мансурзода, раиси собиқи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, ки дар аввали соли равон аз мақомаш барканор шуд ва ҳамакнун дар раёсати ҳуқуқии яке аз бонкҳои бузурги кишвар - “Ориёнбонк” - кор мекунад. Ҳамтои дигари ӯ Нусратулло Абдуллоев, раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон низ баъди рафтан аз мансаб дар “Тоҷиксодиротбонк” соҳиби мансаби нав шуд. Абдуллоев, ки аз соли 2006 то 2015 раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон буд, дар ин бонк дар бахши таъмини амнияти он ба кор пазируфта шуд.

Амиршоҳ Миралиев, собиқ роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент низ баъди чанд муддати бознишастагӣ раиси Шӯрои нозирони “Соҳибкорбонк” интихоб шуд ва айни замон роҳбарии Анҷумани бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. Ин рӯйхатро метавон идома дод, аммо таҷрибаи кор дар ширкатҳои хусусиро аввалин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов шурӯъ карда буд. Президент Маҳкамов соли 1991 бо ибораи “ман мераваму шумо пушаймон мешавед” портфел дар даст бинои Шӯрои олиро тарк кард ва баъди чанд муддат дар ширкати хусусии “Шукур” ба ҳайси мудир ба кор шурӯъ намуд.

Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлилгари тоҷик.
Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлилгари тоҷик.

Таҳлигарон мегӯянд, таваҷҷуҳи ширкатҳову бонкҳо ба манбсадороне, ки зинаи карйераашон дар идораҳои ҳукумат ба поён расидааст, бесабаб нест. Ба гуфтаи коршиносон, мақомдорони собиқ ба хотири робитаҳояшон бо афроди тасмимгиранда дар ҳукумат, таваҷҷуҳи ширкатҳоро ба худ ҷалб мекунанд.

Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлилгари тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мансабдорон дар мақомҳои гуногун кор кардаанд ва ба хотири робитаҳои доштаашон бо мақомот ширкатҳо онҳоро ба кор ҷалб мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои ширкат кумак кунанд”.

Дар Тоҷикистон мансаби давлатӣ дар аксар ҳолат муродифи қудрату манзалат ва ҳурмату эҳтиром аз сӯи атрофиён ва зердастон аст. “Дасти” мансабдори тоҷик гоҳе хеле бештар аз салоҳияташ мерасад ва бо як занги мақомдор нафаре дар идораи комилан дигар метавонад ба ҷои кор пазируфта шавад ё ҳатто ҳукми додгоҳ нисбаташ тағйир ёбад.

Зангҳои пайвастаи телефонӣ, мошини гаронбаҳои хидмативу ронанда, даъват ба ҷашну тарабхонаҳо ва туҳфаҳои гаронбаҳо ҳамагӣ унсури зиндагии маъмулии як мансабдор аст, аммо баробари барканор шудан аз қудрат дар як они воҳид ин ҳама аз байн меравад. Телефон соатҳо дигар занг намезанад, даъватҳо ба зиёфатҳо низ ба якборагӣ қатъ шуда, дӯстони бешумор ногаҳон ғайб мезананд.

Муродалӣ Алимардонов
Муродалӣ Алимардонов

Таҳлилгарон мегӯянд, маҳз ҳамин гуна ранг гирифтани зиндагии пас аз мансаб, мақомдоронро водор мекунад, ки сахттарин танқидро аз сӯи раиси ҷумҳур таҳаммул кунанд, вале ҳеҷ гоҳ ба истеъфо нараванд. Яке аз чунин саҳнаҳои таҳаммули танқид аз сӯи мансабдорони тоҷик дар маҷлиси ҷамъбастии соли 2007-ум буд, ки раиси ҷумҳур Муродалӣ Алимардонов, раиси вақти Бонки Миллиро, барои маблағгузории нокифояи бахши кишоварзӣ сарзаниш кард ва ӯ ғайриинтизор посух дод: “Сад фоиз гунаҳкорам, Ҷаноби Олӣ!”

Ин аст, ки ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо аз қабили коршиносон, баръакси таҷрибаи кишварҳои ғарбӣ, ки пас аз чунин сарзанишҳо истеъфояшонро эълон мекунанд, ба истеъфо рафтани як мансабдор дар Тоҷикистон роиҷ нашудааст. Ба назар мерасад, ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш мекунад мансабдорони баландпояе, ки аз мансаб дур шудаанд, дар ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва ё нимадавлатӣ ба кор ҷалб кунад, ё ҳадди ақал ба фарзандони эшон мансабе бидиҳад.

Таҳлилгарон мегӯянд, бо ин роҳ ҳукумат аз эҳтимолияти ба “колонаи панҷум” ва ё сафи мухолифон пайвастани мансабдорон ҷилавгирӣ мекунад. Барои мисол, пас аз барканории Абдулмаҷид Достиев аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Русия фарзанди ӯ, Фарҳод Салимӣ сафири Тоҷикистон дар Амрико таъин шуд. Достиев ба иқрори худаш айни замон “ба лимупарварӣ машғул аст”.

Ғайбулло Афзалов, раиси пешини вилояти Хатлон.
Ғайбулло Афзалов, раиси пешини вилояти Хатлон.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири собиқи фарҳанг ва Ғайбулло Афзалов, раиси пешини вилояти Хатлон аз шумори мансабдороне, ҳастанд ки ба кори ҷаъиятӣ ҷалб шудаанд. Ин ду мансабдори пешин ҳоло яке роҳбар ва дувумӣ муовини раиси созмони ҷамъиятии “Ҳаракати Ваҳдати миллӣ”-ро бар уҳда доранд. Ғайбулло Афзалов рӯзи 15-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз мақоми нав ва даврони бознишастагиаш хеле хурсанд аст.

Ӯ гуфт, “аҳволи ман хеле хуб аст, нағзам. Ман мисли баъзеҳо, ки баъди рафтан аз мансаб зиқ мешаванд, шикоят мекунанд, нестам. Баръакс, хурсандаму мамнунам. Бар замми ин Пешвои миллат моро қадрдонӣ карда, ба кори дигар пешниҳод кард. Дар вазифаи нав ман кор карда истодаам. Бар замми ин нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта мегирем. Ҳама корҳоям хубанд, аз вазъиятам хеле ризоям”.

Иброҳим Усмонов, донишманди тоҷик.
Иброҳим Усмонов, донишманди тоҷик.

Иброҳим Усмонов, мушовири собиқи раиси ҷумҳур ва муовини вазири фарҳанг, ки зуд-зуд мансабдорони пешинро ба маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” даъват мекунад, мегӯяд, ҳар нафар мансабдор барканорӣ аз мансабро ба шеваи гуногун қабул мекунад. “Баъзеҳо, воқеан, инро дарднок қабул мекунанд. Ман шахсан ба оромӣ хабари барканориамро қабул кардам, чунки мо бояд дарк кунем, ки замоне мо ҳам ҷои як мансабдори куҳансолро гирифта будем ва акнун ба ҷавонон бояд роҳ кушоем”.

Усмонов афзуд, бархе аз мансабдорони пешин аз он шиква мекунанд, ки қудрати кор карданро доранд, аммо аз таҷриба ва нерӯи онҳо хуб истифода намешавад. Усмонов аз таҷрибаи як мансабдори СММ – Меррем мисол овард, ки айни замон бо маоши рамзии 1 доллар кор мекунад ва ин созмон аз таҷрибаи ӯ ҳанӯз ҳам истифода мебарад. Ӯ афзуд, дар Тоҷикистон ҳам мешавад ба ҳамин шева аз нерӯ, таҷриба ва зарфияти мансабдорони собиқ истифода кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG