Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони бузургтарин масҷид дар Тоҷикистон тақрибан ниҳоӣ шудааст. АКС


Сохтмони масҷиди бузургтарин дар Тоҷикистон тақрибан ниҳоӣ шудааст. Ин масҷид, ки дар маркази шаҳри Душанбе бунёд мешавад, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва 24 гунбази хурду бузург иборат аст.

Аксҳои нав аз ҷараёни сохтмони масҷиди бузургтаринро рӯзи 9-уми феврал хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кард. Масъулони дафтари матбуоти президент гуфтанд, дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли сохтмон рафта, бо ҷараёни кори сохтмон ошно шудааст. Ин манбаъ гуфт, ки корҳои сохтмону васлгариро ширкатҳои ватанӣ анҷом доданд.

“Дар инҷо бо дастури раиси ҷумҳур беш аз 1000 дарахти зебои гулкунандаи ороишиву нодир, инчунин, гулу буттаҳои хушбуй шинонида мешавад. Атрофи масҷид бо манораҳои боҳашамат, сутунҳои зебои мунаққашу мусаввар ва бисёр унсури дигари фарҳангӣ оро дода мешавад”, - гуфтанд дар Хадамоти матбуоти президент.

Манбаъ мегӯяд, ин на танҳо як масҷид, балки маркази бузурги фарҳангу таърихи ислом хоҳад буд ва толорҳои он тавре бунёд меёбанд, ки дар онҳо тамоми намуди чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, семинару конфронс ва ҷаласаҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда мешаванд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ин масҷид, ки бо тарҳи худ дар Осиёи Марказӣ нодир мебошад, “бояд садсолаҳо ба насли оянда хидмат расонад.”

Бо ин ҳол, муҳлати ба истифода додани масҷиди бузургтарини Тоҷикистон эълон нашудааст.

Аксҳои нав аз сохтмони бузургтарин масҷид дар Душанбе:

Тагсанг ё хишти аввали сохтмони ин масҷидро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли 2009, дар авҷи таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, гузошта ва моҳи октябри соли 2011 низ аз маҳалли сохтан боздид карда буд. Он вақт дафтари раёсати ҷумҳурӣ гуфт, ки сохтмони бино то 4 соли дигар анҷом хоҳад ёфт, аммо бо гузашти тақрибан ҳафт сол сохтмони масҷид ҳанӯз пурра анҷом нашудааст.

Ин масҷиди бузург дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, барои намозгузории ҳамзамони аз 113 ҳазор то 150 000 нафар пешбинӣ шудааст. Дар гузашта мақомот гуфта буданд, ки сармоягузори аслии тарҳ Қатар аст, ки танҳо барои сохтмони аввалияи бино 70 миллион доллар ҷудо кард. Тоҷикистон ҳам гуфт, барои бунёди ин масҷид сӣ миллион доллар медиҳад.

Дар Тоҷикистон шумораи иттиҳодияиҳои динӣ бо шумули масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъву ҷомеи марказӣ ба беш аз 4 ҳазор мерасад. Аммо созмону кишварҳои хориҷӣ борҳо мақомоти Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи диндорон, бахусус пайравони Ислом, танқид кардаанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико оид ба озодиҳои мазҳабӣ дар гузориши охири худ дар оғози соли 2018 гуфт, дар Тоҷикистон фаъолиятҳои динӣ таҳти назорат буда, аз назари маҳдудиятҳои ҷоришаванда дар ин бахш Душанбе ба гурӯҳи «кишварҳои махсусан нигаронкунанда» ворид мешавад.

Дар ин замина бихонед:

Масҷидҳо аз дороиҳояшон гузориш медиҳанд

Видеоҳои охирин

Тақдими шаҳрвандии Русия осонтар мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:24 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG