Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путини камбизоат ва Собчаки сарватманд дар гузориши дороиҳо ба КМИР


Ксения Собчак ва Владимир Путин
Ксения Собчак ва Владимир Путин

Ксения Собчак дар гузориши дороиҳояш ба Комиссиюни марказии интихоботи Русия (КМИР), боигариашро дар шаш соли ахир 400 миллион рубл нишон дод. Ӯ тақрибан 414 миллион рубли дигарро дар ҳисобҳои бонкияш нигаҳ медорад. Ба ин тартиб, бинобар маълумоти расмӣ, ровии телевизион дар байни ҳамаи номзадҳо ботарин номбар мешавад. Собчак маошаш дар шабакаи телевизионии "Дожд" ва фаъолияти соҳикориашро манбаи даромадаш номидааст.

Дар ҷойи дуввум бо 257 миллион рубл дар шаш соли ахир Борис Титов - номзади "Ҳизби рушд" қарор дорад. Титов боз 157 миллионро дар ҳисобҳои бокиаш нигаҳ медорад. Номзади "Ҳизби рушд" ҳамчунин дар Испания як хона дорад, ки нархи он 570 миллион рубл гуфта мешавад.

Номзади ҳизби Коммунист, директори "Совхози ба номи Ленин", Павел Грудинин дар гузориши моли ба КМИР дороии худро дар шаш соли ахир 157 миллион рубл нишон дод.

Владимир Жириновский, номзади ҳизби Либерал-Демократ дар ҳамин муддат 98 миллион рубл фоида доштааст. Жириновский ҳамчунин соҳиби мошини LADA "Нива", истеҳсоли соли 2014 аст.

Максим Сурайкин, номзади "Коммунистҳои Русия" дороии умумиашро 59 миллион рубл гузориш дод. Дар сомонаи КМИР навишта шудааст, ки ин номзад на хонаи хусусӣ дорад на мошин.

Дороии номзади "Яблоко" Григорий Явлинский дар шаш соли ахир 23 миллион рубл ва маблағҳояш дар ҳисобҳои бонкӣ 59 миллион рубл ҳисоб шуд. Тибқи гузориши молӣ, Явлинский хонаву мошин надорад.

Аз ҳама номзади "нодор"-и интихоботи раёсати ҷумҳури Русия Сергей Бабурин номзади "Иттиҳоди умумхалқии Русия" аст. Бабурин каме бештар аз 11 миллион ва дар ҳисоби бонкиаш 130 ҳазор рубл дорад.

Президенти феълии Русия Владимир Путин, ки бори чаҳорум довталаби курсии раёсат шудааст, 38 миллион рублро ба сифати дороии шаш соли ахираш нишон дод. 13 миллион рубли дигарро Путин дар 13 ҳисоби бонкӣ нигаҳ медорад. Аз амволи ғайриманқул Путин ду хона дар Санкт Петербург ве се мошини истеҳсоли Русияро гузориш дод. Аммо таҳқиқотҳои журналистӣ мегӯянд, ки Путин тавассути дӯстон ва афроди наздикаш соҳиби оффшор, хонаҳо, яхтаҳо ва ҳавопаймоҳо ба маблағи миллиардҳо доллар аст.

XS
SM
MD
LG