Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон гуфт дар пайи муноқиша бо ҳукумати Сурия нест, аммо аз худ дифо мекунад


Фирор аз ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Ғутаи Шарқӣ
Фирор аз ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Ғутаи Шарқӣ

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар пайи муноқиша бо ҳукумати Сурия нест, аммо ҳақ дорад аз худ дифоъ кунад. Дар ин бора Дана Уайт намояндаи Вазорати дифои ИМА рӯзи 8 феврал ба хабарнигорон маълумот дод. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Вашингтон аз пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳид дар бораи оташбаси якмоҳа, барои интиқоли маводи хайрия, пуштибонӣ мекунад.

Рӯзи панҷшанбеи 8 феврал, ҳавопаймоҳои эътилофи таҳти назари ИМА мавқеи нерӯҳои ҳукумати Сурия дар Дайр аз-Зурро бомбаборон карданд. Вашингтон ин зарбаро посух ба ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ ба ситоди "Нерӯҳои Демократии Сурия" унвон кард.

Дар пайи бомбапартоӣ беш аз 100 сарбози нерӯҳое, ки дар тарафи ҳукумати Сурия меҷанганд, кушта шуд.Теъдоди ин нерӯ 500 нафар ҳисоб шудааст ва онҳо дар ҳамла аз тупхона ва танку миномет истифода карданд. Ҳукумати Сурия ҳамлаи эътилофро "ҷинояти ҷанг" номид

XS
SM
MD
LG