Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харҷи ҳангуфти тоҷирони андиҷонӣ пеш аз сафари Мирзиёев ба ин вилоят


Пеш аз сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Андиҷон, мақомот ду канори роҳи Андиҷон-Хонободро, ки 77 километр тӯл дорад, сабзакорӣ ва рангу бор мекунанд. Ба гуфтаи яке аз тоҷирони Андиҷон, вай маҷбур буд, ки барои корҳои ободонии роҳи байни Андиҷон-Хонобод 500 доллар пардозад.

Ин тоҷир аксеро дастраси расонаҳо кард, ки дида мешавад, як бинои вайрона бо девор пӯшонида шудааст. Як тоҷири дигар гуфт, соҳибкорони маҳаллиро маҷбур доранд, ки харҷи омодагӣ ба сафари президентро пардозанд.

"Ин дастури ҳукумат аст. Ширкати мо, ки бузург аст, барои корҳои ободонӣ 1000 доллар пардохтем. Ҳукумати маҳаллӣ ба мо дастур дод, ки боми манзилҳои сокинони наздикии роҳро ранги сурх ва деворҳоро сафед кунем. Ҳеҷ кадом аз тоҷирон аз ин дастури ҳукумат сар напечиданд, зеро мумкин аст, барояшон мушкил эҷод кунанд", - гуфт ин тоҷир.

Аммо мақомоти вилояти Андиҷон ин изҳороти тоҷиронро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG